Аз соати 23:00-и имрӯз қатъи нақшавии интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Қатъи интиколи оби нӯшокӣ ба баргузории корҳи таъмир дар шабакаҳо вобаста буда, бонавбат дар рӯзҳои гуногун интиқоли об қариб дар тамоми шаҳр қатъ мегардад.

Дар ин робита аз сокинони шаҳр дархост шудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва масъулони КВД «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳо тибқи нақша, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ба ин тариқ, имрӯз, 14 октябр аз соати 23:00 то  соати  24:00-и пагоҳ, 15 октябр интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои  42, 43, 46, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад,  Фирдавсӣ  ва Н.Қарабоев 34 то 86/3-и ноҳияи Фирдавсӣ қатъ мегардад.

Дар вақту рӯзҳои дар боло зикршуда интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои зерини ноҳияи Сино низ қатъ мешавад: Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, 32, 33, 52, 53, 54  кӯчаҳои Нахимов,  Мир, Юсуф  Вафо,  Абдуҷаббор  Қаҳҳорӣ,  Пайрав  Сулаймонӣ, Тургенев,  Раҳмон  Набиев,  Ханжин,   Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ  ва шаҳраки Севостопол.

Минбаъд интиқоли шабонарӯзии оби нӯшокӣ ба қисмате аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзҳои 21, 26 ва 29 октябр сурат мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.