Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт рӯзи 18 октябр Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ доир мегардад.

Ин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад.

Деҳқонони мамлакат маҳсулоти тару тозаи  кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ ва  сабзавоту меваро  бо нархҳои дастрас ба мардум пешкаш мекунанд.

Инчунин кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд. Ҳамчунин баргузори барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.

Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳё кардани иди деҳқонон  - “Меҳргон”, ки аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил гувоҳӣ медиҳад, қарор қабул кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.