Рӯзноманигори ғайриштатии хабаргузории “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд Мавлуда Рофиеваро имрӯз, 14-уми октябр дар оромгоҳи шаҳри Гулистон ба хок супурданд.

Дар маросими видоъ  бо ин рӯзноманигор намояндаҳои созмонҳои расонаӣ, рӯзноманигорон ва наздикону пайвандони марҳум ҳузур доштанд. Маросими дафни рӯзноманигор бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ ва бо ҳузури пишкон доир шуд.

Рӯзноманигори қавиро аз даст додем

Бобоҷон Икромов, рӯзноманигор ва нависанда дар сӯҳбат  ба “Азия-Плюс” марги нобаҳангоми Мавлуда Рофиеваро талафоти бузурге барои аҳли қалами шимолии Тоҷикистон ном бурд.

“Ба аҳли қалми вилояти Суғд бисёр рӯзи вазнин аст. Дар ин лаҳзаҳои хело ҳассос мо як рӯзноманигори қавиро аз даст додем. Бар асари бемориҳо, ки муатассифона, ҷамъиятро гулчин мекунад, хоҳари мо ҳам ин дунёро тарк гуфт. Мавлуда дар майдони рӯзноманигории Суғд пештоз буд. Хусусиятҳояш аз дигар рӯзноманигорон фарқ мекард. Хело зани меҳрубону ҳалим буд. Бештар дар лаҳзаҳои душвор бо ман ҳамсӯҳбат мешуд. Ман ба ҷуз дилбардорӣ кардан, ки мегуфтам “Мавлуда ин ҳама дунё гузарон аст” ӯро тасаллӣ медодам”, - изҳор дошт Бобоҷон Икромов.

Инчунин Маъсум Муҳаммадраҷаб, хабарнигори минтақавии Радиои Озодӣ, ки тайи таҳсолаи ахир бо Мавлуда Рофиева риштаи дӯстиву ҳамкорӣ дошт, мегӯяд даргузашти ӯ барояш бисёр рӯзи сангин аст. Зеро тӯли тахмин 15 соли ахир Мавлуда Рофиева ҳамчун хабарнигори “Азия-Плюс” ҳамҷоя бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд мавзӯъҳои муҳиму доғи ҷомеъаро пайгирӣ мекарданд.

“Дар маҳфилҳо якҷоя будем ва то ҳатто муштаракан ягон мавзӯъи доғро пайгириву инъикос мекардем. Баъзан ҳамкасбон бо шӯхӣ мегуфтанд, ки ман ва Мавлуда шояд дар як расона кор мекунем. Мавлуда дар вилояти Суғд дар мавриди пайгирӣ кардани хабарҳои доғ ва барои ҷомеа муҳим доимо пештоз буд. Ҳамчунин дар мавзӯъҳои ҳуқуқи инсон мушоҳида мекардам, ки Мавлуда аз аввалин рӯзноманигороне буд, ки садояш баланд мешуд. Ва он хабарҳои муҳимро бо назарҳои ҷонибҳо ва тавозун инъикос мекард. Ҳамкасбон хуб медонанд, ки маҳфилу нишастҳои хабарие, ки он ҷо Мавлуда иштирок мекард, бисёр гарм мешуд. Бо ошкоргӯӣ ва дар нишастҳои хабарӣ бо суолҳои бепардаву рӯирости худ ба масъулин суол медод. Ҳоло ҷойи Мавлуда холист”. – гуфт Масъум Муҳаммадраҷаб.

1/7

Ӯ дар хотири ҳамаи рӯзноманигорон чун хабарнигори ҳақиқӣ боқӣ мемонад

Ҳамзамон Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил ҳам аз Мавлуда Рофиева ҳамчун як рӯзноманигоре, ки дар мавзӯъҳои хос маҳорати фарқкунандае дошт, ном бурд.

“Мавзӯъҳои марзӣ, ки бештар ба амният рабт доранд, муқобила бо терроризму ифротгароӣ, ҳамеша аз ҷониби Мавлуда инъикос мешуд. Ман дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд изҳори афсӯсу надомати рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказиро хондам. Онҳо низ Мавлударо барои мавқеъ ва принсипҳои рӯзноманигорияш дар инъикоси мавзӯъҳои ҷолиб эҳтиром мекарданд. Мавлуда дар хотири ҳамаи рӯзноманигорон чун хабарнигори ҳақиқӣ боқӣ мемонад. Барои Мавлуда, тақрибан ягон мавзӯъи мамнӯъ вуҷуд надошт”,- изҳор дошт ин рӯзноманигор.

Хотирасон мешавем, ки Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори минтақавии “Азия-Плюс” рӯзи 13 октябр дар беморхонаи клиникии ба номи С. Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!