Облоқул Мирзоев, як коршиноси риштаи таърих хирсаки сангие пайдо кардааст, ки мегӯяд ин як бозёфти нодир буда ба тамаддуни асри санг тааллуқ дорад.

Мирзоев ин нигораро аз деҳаи Рӯдаки ҷамоати Шинги Панҷакент ёфтааст, ки гуфта мешавад мансуб ба ҳазораҳои IV-VI милодӣ таъаллуқ дорад.

Ин таърихдон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки нигораро ҳангоми сафар ба деҳаи Рӯдак аз зери хок дарёфтааст:

”Хирсак аз санги сурхчаи наонқадар мулоим сохта шудааст. Онро бо санги дигар тарошидан мумкин аст. Ба фикри ман ин бозёфтро тариқи санг тарошидаанд. Дар даври санг чунин корҳо буд ва шакли сохти хирсаки сангӣ ҳам бозгӯи маданияти даври палеолит аст”.

Шариф Қурбонов, бостоншиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки аз бозёфти ин хирсаки сангӣ огоҳ аст ва онро бозёфти нодир номид. Ӯ гуфт, пас аз ин бозёфт гурӯҳи бостоншиносон тасмим доранд дар деҳаи Рӯдак корҳои таҳқиқотиеро анҷом диҳанд. Бостоншинос мегӯяд, тахмин меравад, ки ин бозёфт ба замони асри сангу мис таъалуқ дошта, ба ҳазораи 6-4 пеш аз милод мансуб бошад.

“Мардум он замон дар минтақаҳои кӯҳӣ бо шикор ва дигар корҳо машғул буданд, баъд ба чизҳои табиат саҷда меоварданд. Аз ҷумла ба  хирс, арча ва дигар. Яъне мо чунин меҳисобем, ки ин хирси сангӣ барои онҳо ҳамчун нигаҳдорандаи қавму қабила бошад, ки онро сохта саҷда мекарданд. Яъне эҳтимол меравад, ки дар макони пайдоиши хирси сангин 1000-1500 сол пеш аз Саразм одамон зиндагӣ кардаанд. Агар Саразм ба даври эниолит марбут бошад, хирсча бозгӯи асри санг яъне даври неолит аст, ки гузариш ба даври эниолит мебошад”,-мегӯяд бостоншинос.

Ба гуфтаи бостоншиносон солҳои 1982-1983 гурӯҳе аз бостоншиносон дар деҳаи Рӯдак таҳқиқоти ҳафриётиеро аз замони асри санг то асрҳои миёна анҷом дода буданд, ки чунин бозёфтҳо дарёфт нашуда буданд. Ҳамакнун бостоншиносон тасмим доранд барои дарёфти ҳафриёти дигар ба ин ҷой сафар куненд.

Сокинони ҷамоати Шинг мегӯянд онҳо бозёфтҳои зиёдро то ба имрӯз дар осорхонаи ин ҷамоат маъфуз нигоҳ медоранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.