Бо нигаронӣ аз эҳтимоли мавҷи дуюми бемории коронавирус дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Раёсати тандурустии вилоят тасмим дорад, ки дар манотиқи дурдасти ин вилоят, аз ҷумла ҷамоатҳои Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, Язгуломи ноҳияи Ванҷ, Ғудараи Бартанги ноҳияи Рӯшон ва Вранги ноҳияи Ишкошим беморхонаҳои муваққатӣ таъсис бидиҳад.

Ба иттилои ҳукумати ВМКБ дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 Фарид Музаффаров, сардори Раёсати тандурустии вилоят гуфтааст, ки ташкили беморхонаҳои муваққати дар ҷамоатҳои дурдасти вилоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа масъалаи пеш бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ошхонаву дигар соҳаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, таъминот бо маводи зиддиуфунӣ ва захираи маводи доруворӣ ба миён гузошта шудааст.

Роҳбари ситоди вилоятӣ Назира Амирбекзода дар ҷараёни ҷаласа гуфтааст, ки бо истифода аз вазъи муътадили имрӯзаи Ковид-19 дар қаламрави вилоят корро бояд дар самти мубориза, пешгирӣ ва табобати беморон тақвият бахшид.

Фарид Музаффаров ҳамзамон дар ҷаласаи вобаста ба вазъи гирифторӣ ба коронавирус гуфтааст, ки вазъият дар ин самт муътадил буда, ҷаҳиши беморӣ дар байни аҳолӣ коҳиш ёфтааст. Ҷиҳати саривақт муайян намудани беморӣ ва ба ташхис фаро гирифтани беморон бо дастгирии Раиси вилоят ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ 6 утоқи бинои Маркази санитарӣ эпидемологии вилоят азнавсозӣ шуда, дар рӯзҳои наздик дар ин ҷо ташхисгоҳи вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

“Дар сурати эҳтимоли мавҷи дубораи беморӣ дар марҳилаи ҳозир дар ҳар ноҳия 40 кати хоб ва дар заминаи беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ 300 ва шифохонаи вилоятӣ 200 кати хоб барои бистарикунонӣ омода гардидааст”, гуфтааст сардори Раёсатит беҳдошти вилоят. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.