Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-и вилояти Суғд, ки онро Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кард, як нафар мақоми аввал ва ҷоизаи 3 ҳазор сомониро ба даст овардааст. Панҷ нафари дигар дар ин озмун соҳиби мақомҳои баъдӣ ва ҳазор сомонии шудаанд.

Дар озмуни "Ошхӯри беҳтарин" Баҳодур Шокиров, сокини ноҳияии Айнии ин вилоят мақоми аввалро ба даст овардааст. Як масъули Раёсати рушди иқтисоди вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Баҳодур Шокиров дар панҷ дақиқа 700 грам оши палавро хӯрдааст, ки аз панҷ ширкаткунандаи дигари озмун пеш гузаштааст. 

Ин озмун ҳангоми сафари ахири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд баргузор шуд, ки аксҳои онро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ расонаӣ кардааст.

Озмуни "Ошхӯри беҳтарин"-ро имсол Раёсати рушди иқтисоди вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати кишоварзии ин вилоят ба ифтихори ҷашни Меҳргон ташкил кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.