Ба ҳолати то субҳи 19 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 10 ҳазору 493 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 119 кас афзуд.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 80 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳат қариб 200 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 9 ҳазору 511 нафар ё худ 90,6%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 39,5 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 млн 108 ҳазору 607 кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.