Чанде пеш 50 нафар омӯзгорони русиягӣ ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо дар 22 мактаби воқеъ дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен, Ашт, Ҳисор ва ғайра аз фанҳо бо забони русӣ дарс мегӯянд.

Байни омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон омаданд, 6 нафарашон омӯзгорони нав мебошанд, ки бори нахуст ба кишвари мо сафар мекунанд. Онҳо аз фанҳои адабиёти рус, кимиё, физика, математика, таърих ва ғайра дарс хоҳанд гуфт.

Муаллимон аллакай ба минтақаву мактабҳо тақсим шуда, бархе ба фаъолият пардохтаанд. Боқимонда омӯзгорон (ба ҷуз 6 нафар) соли гузашта ба Тоҷикитсон омада, тасмим гирифтаанд, ки боз бармегарданд.

Ба ин тариқ, 5 омӯзгор ба ноҳияи Спитамен, 2 омӯзгор - ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд, боз 2 нафар - ба Ҳисор ва дигарон ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ фиристода шуданд.

Акс аз бойгонӣ
Asia-Plus

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов дар мавриди ин масъала суҳбат орост.

“Мо худро ситораҳо ҳис мекунем”

“Дар мактабҳо омӯзгоронро хеле хуб пешвоз гирифта, барои зисти онҳо шароити мусоид фароҳам оварданианд, - мегӯяд ӯ. - Вақте ягон мушкил пеш ояд, ҳамроҳ ҳал мекунем. Меҳмоннавозиро махсус мебояд қайд кард. Аксари муаллимоне, ки бори аввал омадаанд, албатта, чунин истиқболу таваҷҷуҳро интизорӣ надоштанд. Онҳо баъзан ба ман мегӯянд: “Мо худро мисли кайҳоннавардон ҳис мекунем. Бахусус вақте ки дар даромадгоҳи мактаб моро бо байрақчаҳо пешвоз мегиранд, худро чун ситораҳо ҳис мекунем”.

Ба гуфтаи Иван Иванов, омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни Русия омада, як сол қарордод бастаанд ва имкон доранд, ки муҳлати онро дароз кунанд.

Иван Иванов
Сурат: Россотрудничество

Дар мавриди пардохти музди меҳнати онҳо Иванов изҳор дошт, ки ин маълумоти махфӣ мебошад.

“Қисмате аз маоши омӯзгорон аз Русия ба корташон гузаронида шуда, қисмати дигар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пардохт мешавад, - қайд кард Иванов. - Қисмати маоше, ки Тоҷикистон ба онҳо пардохт мекунад, ба сатҳи маоши омӯзгорони тоҷик баробар аст. Ин ҷо ҳамааш боадолат аст”.

Омӯзгорон тибқи барномаи Русия таълим медиҳанд

Роҳбари Россотрудничество зикр кард, ки омӯзгорон танҳо мувофиқи барномаи таълимии Руия дарс медиҳанд.

“Онҳо дар ҳамдастӣ бо ҳар кадоме аз мактабҳо нақшаи таълимро баррасӣ хоҳанд кард. Барномаи таълимӣ ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Русия бештар ба низоми шӯравӣ асос ёфтааст, аз ин рӯ, байни онҳо фарқияти зиёде дида намешавад”.

Тавсеъаи лоиҳа ба Тоҷикистон вобаста аст

Иванов изҳор дошт, ки густариши барнома ба ҷониби Тоҷикистон вобаста буда, агар Тоҷикистон ба фароҳам сохтани шароит изҳори омодагӣ намояд, боз омӯзгорон ба Русия фиристода мешаванд.

“Ҷониби Русия бидуни мушкилот шумори омӯзгоронро зиёд карда метавонад, - мегӯяд ӯ. - Лекин мактабҳо зимни пешниҳоди дархост бояд масъалаҳои таъмини омӯзгорон  бо маошу манзил, пардохти роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоиро ба инобат гиранд, ки на ҳамаи онҳо аз уҳдаи он мебароянд”.

Ғайр аз ин, зикр кард номбурда, “боз як қатор маҷмӯи тадбирҳои зарурӣ вуҷуд дорад, ки дархости додаи мактаб тариқи Вазорати маорифи Тоҷикистон аз ҷониби Русия маъқул дониста шавад”.

Дар бораи лоиҳа

Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи эъзоми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд. Соли хониши 2017/2018 Русия ба Тоҷикистон 29 омӯзгор фиристода буд.

Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.