Зодаи Тоҷикистон Ҷумъаназар Қурбонназаров дар номинатсияи “Донишҷӯи хориҷии сол дар кишвари Хабаровски Русия” дар озмуни “Донишҷӯи сол-2020” ғолиб дониста шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур, озмун аз рӯи 11 номинатсияи инфиродӣ ва дастаҷамъӣ байни 11 мактаби олӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, Ҷумъаназар имсол дар озмуни минтақавӣ ширкат варзида, пирӯз шуд ва акнун дар даври финалӣ, ки аз 14 то 19 ноябр дар Маскав доир мегардад, иштирок мекунад.

Ҷумъаназар аъзои маҳфили донишҷӯёни ризокор (волонтёр)-и “Аспект”-и Донишгоҳ ва ҳамзамон муовини роҳбари маҳфили ҷавонони тоҷики машғули таҳсил дар хориҷаи шаҳри Комсомолски лаби Амур мебошад.

1/4

Ӯ дар риштаи энергетика ва идоракунӣ аз рӯи ихтисоси “Низомҳо ва технологияҳои биотехникӣ” таҳсил намуда, дар машғулиятҳои бюрои тарҳрезӣ (конструкторӣ)-и “Электроника ва робототехника” иштирок мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин озмун аз соли 2014 инҷониб дар зиёда аз 70 субъектҳои Русия гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.