Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии амонатҳо (World Savings Day), ки дар саросари ҷаҳон рӯзи 31 октябр таҷлил мегардад, квест (иқдом)-ҳои молиявии “Дар ҷустуҷӯи ганҷина” (В поисках сокровищ) ва “Сафари нек” (Счастливая поездка) эълон мекунанд.

Танҳо 1 рӯз - 31 октябри соли 2020 соати 10:00 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар пахши мустақими барномаи радиои “Азия-Плюс” ва “Садои Хуҷанд” бозии зеҳнӣ баргузор мешавад.

Барои иштирок ба Шумо чӣ зарур аст?

Дар саҳифаи Бонки миллии Тоҷикистон “Саводнокии молиявӣ” www.facebook.com/fingramtj худро ба қайд гузоштан (обуна шудан) ва пайгирии ҳамаи маълумоти саҳифа доир ба чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи байнулмилалаии амонатҳо дар Тоҷикистон;

Рӯзи 31 октябр соати 10:00 дар шаҳри Душанбе мавҷи радиои 107Fm-ро дарёфтан => интизор шудани кумакҳо  => ёфтани барандагони радио дар шаҳр => дуруст ҷавоб додан ба саволҳо ва гирифтани туҳфаи худ.

Рӯзи 31 октябр соати 10:00 дар шаҳри Хуҷанд мавҷи радиои 105.7 Fm-ро дарёфтан => интизор шудани кумакҳо  => ёфтани автобуси махсус => дуруст ҷавоб додан ба саволҳо ва гирифтани туҳфаи худ.

Мавзӯъҳо дар бораи иқтисоду молияро бори дигар аз назар гузаронед, зеро ба саволҳои мо посухи дуруст дода, соҳиби ҷоизаҳои арзишманди созмондиҳандагони чорабинӣ шуда метавонед.

Фурсатро аз даст надиҳед! Танҳо 1 рӯз! 31 октябри соли 2020 соати 10:00! Ба ҳама барор мехоҳем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.