Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба муҳлати ду соли минбаъда созишнома ба имзо расонид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба тариқи виртуалӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге имрӯз, 20 октябр ба имзо расид.

Гуфта мешавад, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Сурат: маркази матбуоти Вазорат

- Имрӯз аз нуқтаи назари таърихӣ рӯзи муҳим аст, зеро мо бори аввал бо шумо дар шакли виртуалӣ Созишномаи навбатии дусоларо ба имзо мерасонем. Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ  мебошад, - илова кардаааст вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.