Шӯҳрат Имомназаров, роҳбари Муассисаи кӯмаки аввали тиббӣ-санитарӣ (КАТС)-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз сӯйи Вазири тандурустии кишвар аз вазифа барканор шудааст. Сару садоҳо аст, ки барканории Имомназаров ба зиёд шудани мавридҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ин ноҳия боис шудааст. Худи Шуҳрат Имомназаров дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки бо хоҳиши худаш аз вазифа рафтааст. Ӯ ҷузъиёти барканорияшро шарҳ надод, танҳо ишора кард, ки “ин корашон хуб набуд”.

Ҳоло Мавҷуда Аслонова, муовини пешини Имомназаров иҷрокунандаи раиси КАТС таъин шудааст.

Шӯҳрат Имомназаров 3 сол инҷониб раҳбарии КАТС-и ноҳияи Аштро ба дӯш дошт. Ӯ то расидан ба курсии роҳбарии КАТС, пештар муовини раиси ин ниҳод буд.  Шӯҳрат Имомназаров дар замони мубориза бо COVID-19 кори марказҳои саломатии 9 ҷамоату шаҳракро дар Ашт назорат мекард ва ҳамарӯза ҳисобот аз вазъи беморонони дучори COVID-19 ва гирифторшавӣ ба ин бемории ҳамагирро ба мақомот пешниҳод мекард.

Вазъи понздаҳ рӯзи пешина

Собиқ роҳбари КАТС-и ноҳияи Ашт замоне аз вазифа барканор шуд, ки давоми як моҳи ахир дар ин ноҳия вазъи COVID-19 нигаронкунанда мебошад. Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт оғози моҳи октябр  дар ҷаласаи фаврие аз афзоиши шумори беморон дар шаҳраки Шайдон ва ҷамоатҳои бузурги Понғозу Ашт изҳори нигаронӣ карда буд.

Ӯ гуфт, танҳо моҳи сентябр ва оғози октябр 18 нафар бо иллати бемории ҳамагир дар беморхона бистарӣ шуданд, ки 7 тани онҳо сокинони шаҳраки Шайдон мебошанд. “Санаи 5-уми октябр ба беморхонаи марказии ноҳия 6 нафар бистарӣ шуданд, ки 3 тан аз онҳо фавтиданд. Ду нафари онҳо аз ҷамоати шаҳраки Шайдон ва як нафар аз ҷамоати Понғоз мебошанд”. 

Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия, то 6-уми октябри соли 2020 дар ноҳияи Ашт 150 нафар бо нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш ва короновирус бистарӣ шуданд, ки 48 тани онҳо сокинони ҷамоати шаҳраки Шайдон мебошанд. 38 дарсад ба бемории щамгири коронавирус гирифтор шудаанд. Ӯ гуфта буд, боз 63 нафар гумонбаршуда ба бемории сироятӣ, ки ҳоло ташхиси дақиқашон маълум нашудааст, сабти ном шудаанд.

Сабаби барканории роҳбари КАТС чист?

Аммо дақиқ нест, ки Шӯҳрат Имомназаровро дар пайи афзоиши бемории COVID-19 аз вазифа барканор карданд ва ё бо далели дигар.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт ба Азия-Плюс сабаби барканории Имомназаровро дақиқан шарҳ надод. Ӯ ба суоли он ки оё Имомназаров дар пайи зиёд шудани беморӣ дар ҷамоатҳои Шайдон Ашт ва Понғоз аз вазифа барканор шуд,- посух дод,- “шояд ҳамин хел бошад”. Аниса Ҷалилӣ, Шӯҳрат Имомназаровро духтури ҳалиму хоксор ва хело ташкилотчиву ботаҷриба хонд. “Акнун ҳоло вазъияти ноҳияро дида истодаед, шояд ягон сабаби худро дошт, инро танҳо Вазорати тандурустӣ медонад. Вазифаи худро ҳам аз ҷиҳати ташкилотчигӣ ва ҳам духтурӣ хуб иҷро карда метавонист. Шахси ҳалиму хоксор аст. Соҳаи тандурустӣ баъзе муаммоҳоеро дошт”.

Имомназаров бо Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт
mihdasht.tj

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” барканории Шӯҳрат Имомназаровро аз вазифаи роҳбари КАТС-и ноҳияи Ашт тасдиқ кард. Аммо ҷузъиёти сабаби барканории ӯро шарҳ надод. Сухангӯйи ин ниҳод гуфт, барои дарёфти ҷузъиёти ин барканорӣ бояд ба Вазорат дархости расмӣ бифиристем.

Яке аз пизишкони ин ноҳия ба шарти набурдани номаш ба мо гуфт, ки яке аз сабабҳои барканории роҳбари КАТС-и ноҳияи Ашт гӯё он аст, ки ӯ саривақт беморони дучори COVID-19-ро дар беморхонаҳо бистарӣ накардааст. “Ё ин ки баъди сиҳат шудан аз беморхона, ба хона рухсат шуда, дар хона фавт зиёд шудааст”. 

Аммо пизишки дигаре аз ин ноҳия мегӯяд, роҳбари пешини КАТС-и ноҳияи Ашт хело пурмаҳсулу ботаҷриба буд. “Дар замони пандемия мушкил сари он буд, ки духтурони марказҳои саломатии ҷамоату деҳот ба Шӯҳрат Имомназаров натавонистанд ҳамарӯза саривақт омори гирифторон ва вазъи солимии онҳоро пешниҳод кунанд”- гуфт ин духтур.

Худи Имомназаров чӣ мегӯяд?

Шӯҳрат Имомназаров, ҳамакнун собиқ роҳбари КАТС-и ноҳияи Ашт дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳоло ӯ дар истироҳат аст ва сари табобати падари бемораш мебошад. Ӯ гуфт, барои оғози кори нав, ки аз рӯи ихтисосаш духтури кӯдакон аст, фурсат мепояд. Ӯ сабаби барканорияшро ошкор накард ва танҳо гуфт “ин корашон хуб набуд”.

Шӯҳрат Имомназаров мегӯяд, ҳеч коре бе камбудӣ намешавад: “Кор бе камбудӣ намешавад, агар ман гӯям, ки не, камбудӣ надорам, баъд камбудиҳои дигар рӯйи об мебаромад”.

Масъулини ҳукумати ноҳияи Ашт мегӯянд, Шӯҳрат Имомназаров духтури хуби кӯдакон аст ва ҳоло корро дар беморхонаи марказии ноҳия оғоз кардааст.

Баъди Имомназаров вазъи ҳамагирӣ дар Ашт чӣ гуна аст?

Масъулини ҳукумати Ашт мегӯянд, ҳоло ҳам дар ҷамоати шаҳраки Шайдон, Понғоз ва ҳам ҷамоати Ашт гирифторшавӣ ба коронавирус ва илтиҳоби шуш бештар шудааст. Бино ба рақамҳои оморӣ, аз оғози пандемия то санаи 6-уми октябр дар ноҳияи Ашт ҳамагӣ 150 нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва COVID-19 бистарӣ шуда, ин шумора дар 15 рӯз, яъне то санаи 22-юми октябр, 36 нафар зиёд шудааст.

Яке аз ҷаласаҳои Ситоди ноҳиявии пешгирӣ аз коронавирус
mihdasht.tj

“Аз 29 апрел то 22 октябр 186 нафар бо сабаби бемории илтиҳоби шуш ва короновирус ба беморхонаи Марказии ноҳия бистарӣ карда шуданд, ки аз онҳо 18 нафар фавтиданд. Айни ҳол дар беморхона 8 нафар, 7 нафари онҳо бо ташхиси илтиҳоби шуш ва як нафар бо бемории COVID-19 бистарӣ мебошанд”-гуфт муовини раиси ноҳия.  

Сар аз моҳи сентябр якбора дар ноҳияи Ашт шумори дучоршавӣ ба бемории ҳамагир афзуд ва ҳоло манбаъ мегӯяд, “айни ҳол вазъи эпидемиологии ноҳия мӯътадил шуда истодааст.”

Ҳарчанд мақомот шумори беморонро дар беморхонаи Маркази ноҳия 186 нафар то ба имрӯз ҳисоб кардаанд, аммо духтурони аз вазъ огаҳ мегӯянд, ҳоло дар хонаҳо нафарони дорои таби баланд зиёданд.

Чанд рӯз пештар низ гурӯҳи кории Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва масъулини ниҳодҳои марбутаи Суғд ба Ашт сафар намуда, аз вазъи беморон дидан карданд. Аммо духтурони оилавӣ мегӯянд, ҳанӯз вазъ дар ин қисмати шимолии Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад.  

Давоми моҳи октябр ин дуюмин барканории роҳбарони муассисаи КАТС дар вилояти Суғд аст. Чанд вақт пештар роҳбари муассисаи КАТС-и шаҳри Гулистон Гулшан Мадаминова низ аз вазифа барканор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.