Натиҷаҳои пешакии барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябр баргузор гардид, семоҳаи аввали соли 2021 дастраси ҳамагон мешаванд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

“Маълумот дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил давра ба давра, шурӯъ аз семоҳаи якуми соли 2021 пешниҳод гардида, маълумоти охир соли 2023 омода мешавад. Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил тахминан дар 10 ҷилд нашр хоҳад шуд”, - омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода шуд.

Яъне зимни гаштан хона ба хона барӯйхатгирандагон дар баробари истифодаи шакли коғазӣ, планшетҳоро бо таъминоти махсуси барномавӣ низ истифода бурданд. Ҳамчунин маълумоти зарурӣ тариқи интернет гирифта шуд.

Давоми давраи соҳибистиқлолии кишвар маъракаи барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон ду маротиба - солҳои 2000 ва 2010 гузаронида шуданд.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Дар назар аст, ки  аввали соли оянда шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ ба 9 млн 688 ҳазор нафар мерасад. Афзоиши шумори аҳолӣ 2,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.