Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо (GIZ) Ҷамъияти Олмонї оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аксияи фосилавии (онлайнӣ) “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” -ро эълон менамояд.
Душанбе, Тоҷикистон: – Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонї оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) “амалиёти моҳонаро оид ба рушди иқлими сабз, ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз менамояд.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” санаи 24 октябри соли 2020 оғоз шуда, бо як қатор тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, силсилаи подкаст ва маърӯзаҳои коршиносон идома ёфта, бо баҳсҳои зинда бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ санаи 20 ноябри соли 2020 ба поён мерасад.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” бар пояи эҷоди тафаккури пешрафта оид ба масъалаҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳадафи ташаббуси номбурда боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, аз тариқи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дастрас мебошанд.Чорабиниҳои мазкур дар доираи амалисозии мавзӯъҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим бо санадҳои миллии кишвар мутобиқ мебошанд.
Тағйирёбии иқлим оқибатҳои коҳишёбии муҳити зистро шиддат бахшида, ба баъзе бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст дар раванди банақшагириҳои соҳавӣ мисли тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират ин масъала ба инобат гирифта шавад.
Илова бар ин пандемияи бемории сироятии ковид 19 натиҷаҳои таъсири ногувори худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон нишон дод.
Ба иловаи таъсирҳои мустақими он дар низоми тандурустӣ, таъсири бевосита ба раванди ҳаёти мо низ дорад, бахусус рӯ овардан ба воситаҳои электронӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Чораҳои саривақтии зарурӣ ҳамроҳ бо тадбирҳои коҳиши таъсири буҳрони ҳозира кафолат ба таъмини амнияти муҳити зист ва ояндаи устувор барои мардуми Тоҷикистон мебошанд.GIZ ба намояндагӣ аз Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати Муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ, идораи устувори захираҳои табииро бо шарикони миллӣ ва маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Тавассути чанд лоиҳа, талошҳои якҷоя ҷиҳати ҳимояти муҳити ягона ва қиммати Осиёи Миёна, боло бардоштани сатҳи зиндагӣ дар деҳот ва тобоварии физикӣ ва иҷтимоияшонро тақвият бахшад.
Дар чорабиниҳои “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” иштирок намо ва дар нигоҳ доштани иқлими муътадили Тоҷикистон саҳмгузор бош! Маълумоти бештар роҷеъ ба чорабинӣ ва иштирок дар онро метавонед дар сомонаи https://www.facebook.com/
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста