Гурӯҳе аз хонандагони Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз як озмуни байналмиалаии фосилавӣ бо номи  “Math Challange-2020” 35 медал ба даст овардаанд.

Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ "Math Challange-2020" моҳи октябр бо ҷалби 1600 хонанда аз 70 кишвари ҷаҳон дар риштаи риёзӣ бо забони англисӣ дар Тайланд баргузор шуд.

Дар ин озмун 35 нафар хонандаи Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 17 медали тилло ва 18 медали нуқра ба даст оварданд.  Ҷумъабой Исомитдинов, ҷонишини мудири ин Мактаб ба “Азия-Плюс” гуфт, дар олимпиада, ки онлайн баргузор шуд хонандагони синфҳои 4 то 11 иштирок карданд. “Имрӯз аз ғолибон дар як вазъи тантанавӣ қадрдонӣ шуд”.

Манбаъ афзуд, баъди дастрас шудан ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ғолибон медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ тақдим мешавад.

Олимпиадаи байналмиллалии математика ва робототехника ҳамасола зери номи «International Math Challange», бо дастгирии Мактаби байналмиллалии Осиё ва Донишгоҳи байналмиллалии Рангситии Тайланд доир мешавад. Соли ҷорӣ бинобар ҳамагирии вируси куруно олимпиада онлайн сурат гирифт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.