То шоми 25 октябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 776 нафар расид. Ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи якшанбе 40 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 53 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9889 (91,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 81 нафар фавтидаанд.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200928/koronavirus-dar-toikiston-shumori-favtidagon-afzud