Дар вилояти Суғди Тоҷикистон фурӯши гардановеза ё бейҷикҳои ҷопоние гардон шудааст, ки гӯё инсонро аз гирифторшавӣ ба коронавирус ҳимоят мекардаанд. Мақомот ба дунболи онҳое мегарданд, ки ба паҳну фурӯши ин гардановеза сару кор доранд, зеро ниҳодҳои масъул мегӯянд ин василаҳо ҳеч асоси тиббие барои дармон ё муқобила бо вирусро надоранд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд ба таҳқиқи дорухонаҳое шурӯъ кардааст, ки ба фурӯши гардановезаҳо ё худ бейҷики гӯё ҷопонии Virus Shut Out даст задаанд. Гурӯҳи кории ин ниҳод дар ҳоле созмон ёфт, ки давоми чанд рӯзи ахир дар шимолии Тоҷикистон ба хусус, маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд овозаҳое паҳн шудааст, ки гӯё гардановезаи Virus Shut Out метавонад бар зидди вирусҳо муқовимат кунад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, “бейҷик” ягон асоси тиббӣ надорад ва аз қайди Хадамот ҳам нагузаштааст.

Давоми чанд рӯзи ахир гардановезаи Virus Shut Out ба манбаъи хуби тиҷорати дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст. Дар баъзе аз дорухонаҳо фурӯши он фаровон ба назар мерасад ва аз 10 то 30 сомонӣ қиммат дорад.

Фурӯшандаи яке аз дорухонаҳо дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “бейҷики коронавирус”-ро раҳбараи дорухона ба фурӯш гузоштааст. “Ман худам низ чӣ будани онро намедонам ва гуфтанд, ки гӯё барои муқобила ба вирус аст.”-мегӯяд ӯ.

Ба Робия фурӯшандаи яке аз мағозаҳои шаҳри Хуҷанд низ тавсия додаанд, ки бейҷики Virus Shut Out вирусҳоро то ба 1 метр аз одам дур месозад ва аз ин рӯ дар гардан гузоштааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳама аз вируси ҳамагири COVID-19 дар ҳаросанд ва аз рӯи эҳтиёт ин бейҷикро харидорӣ кардааст, ки мӯҳлати истифодааш то як моҳ мебошад.

“Як моҳ мешавад, ки ман ин бейҷикро дар худ нигоҳ медорам. Ба тавсияи дугонаам бо нархи 30 сомонӣ харидам, аммо дохилаш чӣ ҳаст намедонам. Бӯяш ҳам эҳсос намешавад. Мегӯянд, ки бар зидди коронавирус аст.”-гуфт фурӯшанда

Аммо Султон Раҳмонзода, сардори шӯъбаи назорати маводи фармакологӣ ва дорувории Раёсати хадамоти назорат дар соҳаи тандурустии вилояти Суғд ин овозаҳоро беасос хонд.

Ӯ мегӯяд, бейҷикҳое, ки ягон асоси тиббӣ надорад, барои мардум низ фоидаовар нест ва хадамот иҷозаи фурӯш ҳам надодааст. Вай мегӯяд, мардум ба овозаҳо бовар накунанд ва ҳангоми харидорӣ сертификати мутобиқати ҳамон молро аз фурӯшанда пурсон шаванд. “Имрӯз Хадамот тасмим гирифтааст, гурӯҳи корӣ созмон дода дорухонаҳое, ки ба фурӯши он даст дорад ба таври санад бейҷикҳо аз муомилот гирифта мешавад. Шояд ягон маҳлули безараргардонӣ бошад, лекин то чи андоза вай метавонад, ки шахсро аз вирус нигаҳ дорад барои мо номаълум аст. Зеро аз ташхиси лабараторӣ нагузаштааст.”

1/7

Бино ба таъкиди Султон Раҳматҳода ҳар як моли воридотии тиббӣ ба Тоҷикистон аз қайди хадамоти тандурустӣ гузашта, баъд сертификати мутобиқати мол дода мешавад. Аммо аз ҷониби ягон ширкат бобати воридоту ба муомилот баровардани бейҷики Virus Shut Out мактуб ирсол нашудааст.

Аз Идораи беҳдошт ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд низ дар сӯҳбат ба Азия-Плюс гуфтанд, ки маълумот дар бораи бейҷики Virus Shut Out-ро дар даст надоранд ва ба “аҳолӣ тавсия ҳам намедиҳанд”.

Аммо Баҳодур Умаров, ки қаблан роҳбарии яке аз сохторҳои марбут ба назорати мол ва иҷозаи фурӯшро дар зимма дошт аз он нигаронӣ кард, ки гурӯҳе бо ҷурмӣ тиҷорат аҳолиро гумроҳ мекунанд. Аз рӯйи мушоҳидаҳои ӯ талабгорони “бейҷики коронавирус” зиёд шудаанд, ки ҳоло баъди ба гардан гузоштан бе ниқоби муҳофизатӣ ба кӯчаҳо рехтаанд. Ин вазъ аз эҳтимол дур нест, ки боис ба мушкил гаштани вазъи пандемияи COVID-19 гардад:

“Инро ягон гурӯҳи манфиатхоҳ реклама карда истодааст. Ман мебинам, ки одамон онро ба гардан гузошта бе ниқоби тиббӣ ба кӯчаҳо мебароянд, ки он вирусро дур намесозад. Духтари ман низ аз дорухона бейҷик харида омад ва ман онро сӯзонидам. Ин бейҷик сабаби зиёд шудани коронавирус гаштанаш аз эҳтимол дур нест.”

Бейҷики Virus Shut Out дар ҳоле ба дорухонаҳо роҳ ёфт, ки навиштаҷоти он пурра гӯё ба бо забони ҷопонӣ буда оммафаҳм нест. Аз ин рӯ аксари аҳолӣ ба кадом ҳадаф истифода бурдани онро намедонанд.

Аз ин пеш ин гуна “беқҷикҳои коронавирус” дар бархе аз кишварҳо ҳам вориди дорухонаҳо шуда буданд, вале мақомоти ин кишварҳо низ онро бефоида ва ғайридармонӣ ном бурда буданду фурӯшашро манъ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.