Омори сабти мавридҳои марг дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки дар нуҳ моҳи сипаригардида мардон дар қиёс ба занҳо бештар фавтидаанд.

Тавре як манбаъ аз Шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон хабар дод, дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 10 ҳазору 277 нафар фавтидаанд. Дар  ҳамин давраи соли 2019 дар вилоят 8 ҳазору 535 нафар фавтида будаанд. Имсол мавридҳои марг дар қиёс ба 9 моҳи соли 2019  1 ҳазору 742 ҳолат зиёд шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷамъи умумии фавтидаҳо 5 ҳазору 524 нафарашро мардон ва 4 ҳазору 753 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Яъне 771 ҳолати фавти мардон нисбат ба занон зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфти ин манбаъ аз ҳама зиёд ҳолатҳои марг дар шаҳри Кӯлоб 973 ҳолат, Восеъ 771 ҳолат, Кӯшониён 698, Ёвон 690 ва Қубодиён 622 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.