Бонки осиёии рушд (БОР) барои кормандони тиббии Тоҷикистон 10,4 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ фиристод, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии доимии ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ дар Душанбе.

Гуфта мешавад, ин кумак ба дастгирии талошҳои кишвар дар мубориза бо COVID-19 равона хоҳад шуд.

Лавозимоту воситаҳои тиббӣ аз пешдоман, сипарчаҳо барои рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб барои рӯй, сарпӯш, респиратор, инчунин дастпӯшакҳои муоина ва ҷарроҳӣ иборатанд.

Қаблан моҳи сентябр БОР ба Тоҷикистон бо вазни 12 тонна корҷомаҳои муҳофизатӣ, хилъатҳои ҷудонигоҳдоранда ва бахил фиристода буд.


Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 2,5 млн доллар барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ”.

Соли 2020 аз ҳаҷми умумии 320 млн доллар кумаки БОР ба Тоҷикистон бо шумули лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии соҳаи давлатӣ, маориф ва энергетика интизорӣ меравад. Ба ин маблағ бастаи вокуниши фаврӣ нисбат ба на COVID-19 дар ҳаҷми 52,5 млн доллар низ дохил аст.


Аз замони ба узвияти БОР пазируфта шудани Тоҷикистон дар соли 1998, Бонк ба кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млрд доллар кумаки молиявиро тасдиқ намуд, ки аз ин миқдор наздики 1,4 млрд доллараш ба сифати грант дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.