Видеохостинги миллии Topvideo.tj дар остонаи 9-солагии таъсисёбиаш барномаи шарикии Токенҳо, даромадзоӣ (монетизатсия)-ро роҳандозӣ намуд, ки дар платформаи онлайни шакли видеохостинг дар Тоҷикистон аввалин аст.

Аксарият ба масъалаи чӣ гуна дар порталҳои онлайни маҳаллӣ пул кор кардан таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва акнун ба туфайли роҳандозии даромадзойӣ барои корбарони сомонаи topvideo.tj ин кор имконпазир шуд.

Чӣ гуна метавон дар Topvideo.tj пул кор кард?

1. Барои ин корбари сомона будан лозим аст ва на камтар аз се моҳ бояд дар қайд қарор дошт ва танҳо дар сомона дар қайд будан;

2. Таъмини обунавшавии на камтар аз 20 нафар дар шабака (канал)-и худ ва пешниҳоди ариза барои иштирок дар даромадзоии шабакаи худ.

Ҳамаи иштирокчиёни сабтшуда ва имконпазир дар даромадзоӣ нисбати даромадзоии контент, ки қоидаҳои сомона ва қонуни Точикистонро вайрон намекунанд, бояд қоидаҳоро риоя намоянд.

Маълумоти муфассал дар ин хусус дар сомона бо суроғаи зерин қобили дарёфт мебошад.


Мо кистем?

Мо сомонаи topvideo.tj - видеохостинги миллием, ки 24 ноябри соли 2011 таъсис дода шуда, то имрӯз яке аз порталҳои бузурги кишвар маҳсуб меёбад. Вақти фароғату истироҳат Шумо дар он аз тамошои филму сериалҳо, шарҳи бозиҳои варзишӣ ва дигар наворҳо (роликҳо) дар трафики дохилӣ баҳравар шуда метавонед.

Ҳамчунин тариқи замимаи мобилии мо барои платформаи Android тамошо хеле қулайтар ва бароҳат шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.