Чанд рӯз пеш дар паҳнои YouTube серияи дуюми веб-сериал дар бораи шахсони маъюб «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА»  нашр шуд. Ин серия “Фалак” («Созданная небесами») дар бораи овозхони боистеъдоди дорои нуқси биноӣ ҳикоят мекунад.

Дар бораи нашри серияи нав дар саҳифаи лоиҳа дар Facebook хабар дода шуд. Дар серияи нав доир ба тақдири ситораи эстрадаи тоҷик - овозхон Матлуба Раҳимова, ки нуқси биноӣ дорад, маълумот дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, духтар ба машқҳо рафта, корҳои рӯзгорро ба сомон мерасонад ва бо мусиқӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки паҳлӯи Матлуба касе нест, ки барои ба кор рафтанаш ба ӯ кумак кунад. Аз ин рӯ, ба қаҳрамони сериал лозим меояд, ки ҳамаи душвориҳоро худаш паси сар кунад.

Дар сериал барои шахсони кару гунг зернавиштаҷот ва шарҳи мутахассис бо ишораҳо вуҷуд дорад.

Бо тақдири қаҳрамонони веб-сериали «ҲАМА БАРОИ ЯК КАС, ЯК КАС БАРОИ ҲАМА» дар шабакаи он дар YouTube метавон шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.