Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон барои ба ватан овардани ҳамаватанон мисли пешин идома доранд, хабар дод ба "Азия“Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода.

“Ҳамарӯза аз минтақаҳои гуногуни Русия 5-6 парвози чартерӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иҷрои ин парвозҳо айни замон ва пештар ҳам ягон мушкилӣ нест”, - изҳор дошт Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҳар 3-4 рӯз ҷадвали парвозҳоро, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом медиҳад, мувофиқа месозанд.

Субҳонзода қайд кард, ки парвозҳо бо ду хатсайр шаби 1 ноябр аз Русия бо сабабҳои техникӣ бекор карда шуданд.

Рӯзҳои наздик Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҷадвали парвозҳои чартерирр барои моҳи ноябр ба нашр мерасонад”, - гуфт Икром Субҳонзода.

Дар департаменти иттилооти ВКХ ҶТ ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҷадвали парвозҳои чартерӣ барои моҳи ноябр ба баррасии ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод шуда, пас аз маъқул дониста шудани он ба нашр мерасад.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо тартиб додани рӯйхати мусофиронро идома медиҳанд.

“Ҳозир рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ба ватан бргаштанро доранд, таҳия намуда истодаем. Ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати парвози шаби 1 ноябр номнавис шудаву билет доштанд, рӯзи дигар ба Тоҷикистон фиристода шуданд”, - қайд карданд дар сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.