Ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 3,3 млн нафар сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора  РБК бо истинод ба гузориши эпидемиологии ҳафтаинаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) хабар медиҳад.

Ин нишондиҳандаи рекордӣ аз оғози пандемия аст. Тай як ҳафта зиёда аз 45 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии сироятёфтагон дар саросари дунё ба 46 млн нафар расид.

Рекорди аввали афзоиши беморӣ аз 19 то 25 октябр - зиёда аз 2,8 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Бино ба маълумоти СҶТ, афзоиши зиёди беморӣ дар давраи аз 26 октябр то 1 ноябр дар минтақаи Аврупо сабт шудааст, ки нисфи мавридҳои нави сироятёбӣ аз коронавирус (беш аз 1,7 млн) ба он рост омада, ба ин тариқ, сатҳи беморӣ дар ин минтақа нисбат ба ҳафтаи пешин 22% афзудаааст.

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар ин минтақа бештар дар Фаронса (275 ҳазору 866 нафар), Италия (174 ҳазору 921 нафар) ва Британияи Кабир (157 ҳазору 650 нафар) сабт шудааст.

Русия бо 122 ҳазору 904 мавридҳои нави сироятёбии одамон дар зинаи 4-уми минтақа қарор дорад.

Омори марг аз коронавирус низ дар минтақа ба таври назаррас афзуд. Аз ҳафтаи гузашта он 46% зиёд шуда, дар ҳафт рӯз 17 ҳазору 396 нафар аз ин беморӣ ҳалок шуданд, ки 2 ҳазору 185 нафараш ба Русия рост меояд.

Дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ тайи як ҳафта 999 ҳазору 652 ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд. Мавридҳои зиёдтари он ба ИМА - 548 ҳазору 965 нафар рост меояд. Тибқи маълумоти ахири Донишгоҳи Хопкинс, теъдоди умумии сироятёфтагон дар ин кишвар зиёда аз 9 млн касро ташкил медиҳад.

Дар Бразилия ва Аргентина мутаносибан дар 163,2 ҳазор ва 87 ҳазору 811 кас сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шудааст.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ шумори гирифторони бемории COVID-19 тайи як ҳафта 381 ҳазору 422 нафар афзуд. Дар бораи шумори бештари беморон Ҳиндустон хабар додааст, ки дар ин кишвар 319 ҳазору 271 нафар сироятёфтагони нав ошкор шудаанд.

То шоми 3 ноябр дар Тоҷикитсон 11 ҳазору 139 нафар сироятёфтагон аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Теъдоди шифоёфтагон 10 ҳазору 389 нафарро ташкил дода, 83 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Аввали моҳи октябр СҶТ аз эҳтимол дур надонист, ки шумори воқеии сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё метавонад 20 баробар бештар аз омори сабтшуда бошад.

“Арзёбиҳои ҷории беҳтарини мо бозгӯи он аст, ки ҳудуди 10%-и аҳолии ҷаҳон шояд аз ин вирус сироят ёфта бошанд, - - хабар додааст роҳбари хадамоти ҳолатҳои фавулодаи Созмон Майкл Райан. Бо назардошти наздики 7,8 млрд будани аҳолии сайёраи Замин, шумории умумии сироятёфтагон 780 млн нафар буда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.