Вилояти Брянск дар амалсиозии Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ихтиёрии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русия иштирок мекунад.

Аҳолии вилояти Брянск беш аз 1,2 млн нафарро ташкил дода, аксарияти сокинонони он дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Вилоят минтақаи муҳими саноатӣ бо зербинои рушдёфта ва истеҳсолоти нодир ба шумор меравад. Корхонаҳои муҳимтарини минтақа дар Брянск, Дятков ва Клинс ҷойгир мебошанд. Ҳиссаи хеле зиёди саноати вилоят ба соҳаҳои коркарди фулузот (металл) ва мошинсозӣ рост меояд.

Заминҳои серҳосил ва иқлими сабук ба рушди кишоварзӣ дар вилоят мусоидат мекунанд. Дар ин заминҳо лаблабу, зағир, розак (хмель) ва зироати ғалладона - ҷаву гандум кишт мешаванд. Дар чорводорӣ бештар ба истеҳсоли гӯшту шир ва парандапарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Айни замон вилояти Брянск ба мутахаасисони соҳаи тиб, муҳандисон-технологҳои ҳирфаӣ, механик ва муҳандисони соҳибкасб оид ба ҷамъу васл ва озмоишҳо, барномасозон, операторони дастгоҳҳои гуногун ва ҳуқуқшиносон ниёз дорад.

Вилояти Брянкск минтақаи мусоид барои оғози сафҳаи нав дар ҳаёт мебошад. Зерсохтори ин ҷо рушдёфта буда, ҷойҳои корӣ бисёр ва барои роҳандозии кор (тиҷорат, истеҳсолот)-и шахсӣ имконоти мусоид фароҳам аст.

Маълумоти муфассал дар бораи Барномаи давлатӣ дар сомонаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон (http://dushanbe.mid.ru) дар бахши «Государственная программа переселения соотечественников», инчунин порталҳои иттилоотии «Русский век» (https://ruvek.ru) ва АИС «Соотечественники» (https://aiss.gov.ru) қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.