Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 9 ноябр 11 ҳазору 336 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон 59 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 653 нафар ё худ 94,%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё ба зиёда аз 50 млн нафар расида, аз оғози пандемия 1,2 млн нафар нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.