Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз бемории сироятии корнавирус безараргардонии сартосарӣ амалӣ мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раисони Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19 сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ки ин навбат корҳои безараргардонӣ нахуст дар бозорҳои марказии “Панҷшанбе” ва “Афросиёб” бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳру вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт.

Корҳои тамизгардонӣ ҳамчунин дар маҳалаи “Бофанда”-и шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуд.

“ Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад, ки боиси нигаронию ташвиш аст ва ҳолатҳои ногувор дар пай дорад. Бояд ҳар як шаҳрванд ин масъаларо дарк намуда, бо ақлу фаҳмиш ва шуурнокӣ то чӣ андоза осебпазир будани ин беморӣ андеша намояд”, - қайд мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.