Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи Вазорат қайд мешавад, ки дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Русия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ омода талаб карданд, ки ин ниҳод мушкилашонро ҳал кунад.

Ин донишҷӯён, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия қабул шудаанд, мегӯянд, ки агар ба макони таҳсили худ нараванд, эҳтимол аст онҳоро хориҷ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.