Дуконҳои онлайнӣ рӯз ба рӯз бештар мешаванду харидани молҳо қулайтар, аммо ин хавфҳои худро дорад. Бештар вақт ҳангоми хариди молу маҳсулот аз интернет мо пешпардохт мекунем, ё бе шаку шубҳа ин ё он хизматрасониро онлайн пардохт мекунем. Аммо баъзан дуконҳо молеро мефурӯшанд, ки дар асл надоранд, як гурӯҳи қаллобон молҳои пастсифат ё фейкиро ба фурӯш мегузоранду гурӯҳи дигар бо ҳар роҳ ба корти шумо ё ба ҳисоби бонкии шумо дастрасӣ пайдо кардан мехоҳанд.

Мағозаи боварибахшро интихоб кунед

Пеш аз харид кардан аз мағозаи онлайнӣ ба боварибахш будани он бовар ҳосил кунед. Шумо метавонед инро бо хондани баҳогузории корбарони интернет дар шабакаҳои гуногун ва маълумот оиди ин сомона аз манбаъҳои гуногун муайян кунед.

Вақте дар дӯкони онлайнӣ нархҳо бениҳоят арзон, интихоби азим ва шарҳу баҳоҳои мусбати нусхабардоришуда бисёранд, донед, ки нишонаҳои қаллобиянд ва аз харидорӣ даст кашед.

Танҳо маълумоти заруриро пешниҳод кунед

Вақти харидорӣ танҳо маълумоти заруриро пешниҳод кунед. Одатан барои қайд кардани фармоиш ин маълумотҳо заруранд: рақами телефон, почтаи электронӣ, ному насаб ва суроғаи дастраскунии харид.

Ҳамчунин ба бонке, ки тавассути он пардохт мекунед чунин маълумотҳо заруранд:

Рақами корти бонкӣ, муҳлати эътибор, CVV2 ё CVC2, ному насаби шумо бо ҳарфҳои лотинӣ (тавре дар корт навишта шудааст). Баъзе бонкҳо рамзи тасдиқӣ мепурсанд, ки ба телефон ё почтаи электронии шумо фиристода мешавад.

Агар дӯкон ҳангоми харидан аз шумо нусхаи шиноснома, логин ва пароли бонки интернетӣ, рамзи корт мепурсад, шумо набояд аз он ҷо харидорӣ кунед.

Гирифтани чекро фаромӯш накунед

Ҳоло ҳама дӯконҳои мӯътабар пардохтҳои кортиро дар сомона ё барномаашон ба роҳ мондаанд. Агар дукон ба ҷойи пардохти бо корти бонкӣ гузаронидани маблағ ба ҳисоби шахси муайянро талаб кунад, беҳтараш таваккал накунед. Дукони онлайнӣ ӯҳдадор аст, ки ҳама пардохтҳоро тавассути хазина анҷом диҳад ва чекҳои электрониро ба почтаи муштариён фиристад. Гирифтани чекро фаромӯш накунед. Вақте чунин чек нест ва шумо ба ҳисоби дукон нею ба номи Эшматов Тошмат пардохт кардаед, баъдтар талаб кардан хеле душвор мешавад.

Бо дукон дар тамос шавед

Агар чизе хато карда бошад, бо мағоза тамос гиред. Дуконҳои интернетӣ низ мисли дуконҳои наздики хона ба ҳар як амали худ ҷавобгаранд. Вақте маҳсулоти харидаатон ба шумо расид, фавран тафтиш кунед. Агар бо фармоиши шумо мувофиқат намекунад ё сифаташ бад аст, аз ардохт худдорӣ кунед. Агар аллакай дар сомона пардохт карда бошед, метавонед маҳсулоти харидаро иваз кунед ё онро баргардонеду маблағро бозпас гиред.

Бо бонк дар тамос шавед

Ҳамчун чораи охирин - пулро тавассути бонк баргардонед. Шумо метавонед ин корро кунед, агар бо корт пардохт карда бошед. Вақте дукон ба зангу паёмҳои шумо ҷавоб намедиҳад, то ҳол маҳсулоти харидоришуда дастрас нашудааст, нуқсондор ё қалбакӣ дастрас шудаст, метавонед амалиётро тавассути бонк бекор кунед. Ин як тартиби маъмулист: шумо бояд вазъиятро шарҳ диҳед, ғайриқонунӣ будани амалиётро исбот кунед, сана, вақт ва миқдори харидро нишон диҳед. Агар бошад чекро пешниҳод кунед, аммо бе он ҳам пулро баргардонидан мумкин. Бонк баъди муроҷиати шумо бо ҳамаи тарафҳои муомила тамос мегирад ва тафтишот мегузаронад.

Муҳим: сомонае, ки аз он харидорӣ мекунед, бояд рамзи SSL-шифргузорӣ дошта бошад (дар сатри нишонаи сомона нишонаи қулфи сабз пайдо мешавад). Ин маънои онро дорад, маълумоте, ки шумо интиқол медиҳед, танҳо ба браузери шумо ва сервери дукон маълум аст ва қаллобон наметавонанд онҳоро боздоранд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!