Ҳамарӯза, ба ҳисоби миёна 6 соати вақтро мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронем. Инро як тадқиқот нишон додааст. Тасаввур мекунед?

Фарангези мо ғами истифодабарандагони Интернетро хӯрда, тӯли ҳафта ҳамаи бахши тоҷикии шабакаро назорат карда, аз ҳама чизҳои ҷолибро барояшон ҷамъоварӣ мекунад. Ҳамагӣ 10 дақиқа!

Ва имрӯз дар барномаи Shabaka:

Блогер Рустам Ашӯровро дар шаҳри Турсунзода лату кӯб карданд. Чаро?

Фарзонаи Хуршед либосҳои худро ба фурӯш гузошт. Аз чӣ сабаб?

Истифодабарандагони Facebook дар Душанбе дарахт шинониданд. Дар куҷо ва чандто?

Филм дар бораи муҳоҷирон. Тоҷик дар он чӣ нақш мебозад?

Ҳаҷвнигорони тоҷик рӯҳафтода нестанд. Онҳо ин ҳафта бисёр фаъол буданд. Чӣ саҳнаи наве моро хандонид?

Ин ва дигар хабарҳо дар барномаи мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.