Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони худ, раисони чор ноҳияи шаҳр ва муовинони онҳо доир ба навбатдории шабона дастур дод.

Навбатдорон ба ҳалли саривақтии мушкилоти вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва ҳалли дигар масоили рӯзмарра ҳангоми ҳолатҳои фавқулода уҳададор мешаванд.

Навбатдории шабонаи муовинони раиси Душанбе ва раисони чор ноҳияи пойтахт, роҳбарони раёсату хадамоти марбутаи пойтахт то охири моҳи март давом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ навбатдоронро ба масъулияти шахсӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинони шаҳри ба онҳо муроҷиаткарда вазифадор намуд.

Арзу шикоят ва муроҷиатҳои сокинон бо телефонҳои 223-22-14 ва 221-26-95 қабул карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ дар сохторҳои дахлдор чунин навбатдорӣ роҳандозӣ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.