Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон иҷрои парвозҳои иловагии чартериро то охири сол аз шаҳрҳои гуногуни Русия бо ин кишвар мувофиқа карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“То охири моҳи декабр ширкати ҳавопаймоии”Сомон Эйр” зиёда аз 140 парвоз ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом медиҳад”, - хабар дод ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар фурсатҳои наздиктарин рӯйхати пешакии парвозҳои чартерӣ ба нашр хоҳад расид.

Аз куҷо метавон билет харид?

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи ноябр билетҳо ба парвозҳои чартерӣ ба фурӯши озод бароварда шуданд. Зикр шуд, ки арзиши билет ба ин парвозҳо 395 евро (эконом-класс) муқаррар шудааст. Дар сурати гирифтани иҷозаи парвоз ба ҳар ду самт (баровардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон) билетҳо арзонтар мешаванд.

Зикр гардида буд, ки парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск, Сургут иҷро карда мешаванд. Билетҳо тариқи нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои зерини Русия фурӯхта мешаванд:

Москва - Фурудгоҳи байнулмилалии Домодедово, авиакасса №88, тел: 89295994541;

Москва - Фурудгоҳи байнулмилалии Домодедово, нуқтаи фурӯши №40, тел: 89295994541;

Москва, кӯч. 2-я Тверская-Ямская, бинои 40/3, корпуси 1, меҳмонхонаи «Таджикистан», тел: 89264550055;

Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, 40 км А-105, корпуси 3, меҳмонхонаи «Ибис», тел. 8 4956400451;

Санкт-Петербург – Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886;

Санкт-Петербург - хиёбони Московский, литер А, хонаи 7, ҳуҷр. 40Н, тел: 89775205886;

Новосибирск - Фурудгоҳи байнулмилалии Новосибирск (Толмачево) тел: 891611335998, 89035120420;

Екатеринбург – кӯч. Техническая, хонаи 35. Тел: 891756811253;

Красноярск - Фурудгоҳи байнулмилалии Красноярск. Тел: 891611335998, 89035120420;

Иркутск - шаҳри Ангарск, микрорайони 11, хонаи 19, офиси № 4, тел: 891611335998, 89035120420;

Қазон - Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420;

Уфа - Фурудгоҳи байнулмилалии Уфа, тел: 89035120420;

Сургут – к. Георгий Кукуевитский, 15/1 тел: 89035120420;

Краснодар - Фурудгоҳи байнулмилалии Краснодар, тел: 89175681253.

Шаҳрвандоне, ки ба ватан баргаштанианд, бояд хулосаи муассисаи тиббиро дар бораи сироят надоштан аз коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои супоридани тест пешниҳод намоянд, ки на дертар аз се рӯз то замони вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия то ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.