Дороиҳои умумии ташкилотҳои суғуртаи ҷумҳурӣ то аввали моҳи октябри соли равон 417,3 млн сомонӣ (наздики 40 млн доллар)-ро ташкил доданд, ки 14,6 млн сомонӣ ё худ 3,4% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дороиҳои ташкилот маҷмӯи амвол ва маблағҳои он мебошанд. Инчунин ҳуқуқҳо ба амвол ва дигар ҳуқуқҳое, ки арзиши пулӣ доранд, низ дороӣ шуморида мешаванд.

Соли ҷорӣ уҳдадориҳои умумӣ (қарзҳо)-и ин ширкатҳо ба таври назаррас - 20%: аз 251,7 млн сомонӣ дар ҳамин давраи соли гузашта то ба 201,4 млн сомонӣ дар соли равон коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, ба ширкатҳои суғурта муяссар шуд, ки аз оғози соли равон ҳаҷми сармояи оинномавиро танҳо ба андозаи 2,8% (то 122,9 млн сомонӣ) зиёд кунанд, ҳарчанд уҳдадор шудаанд, ки то охири семоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми онро чандин маротиба меафзоянд.

Сармояи оинномавӣ маблағест, ки дар санадҳои таъсисотии ташкилот сабт шуда, аз қайди давлатӣ гузаштааст. Сармояи оинномавӣ андозаи ҳадди ақалли амволи шахси ҳуқуқиро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз охири моҳи марти соли ҷорӣ ба ширкатҳои суғурта 1 сол муҳлат дод, то ки ҳаҷми сармояи оинномавии худро то 10 млн сомонӣ зиёд кунанд.

Айни замон ҳаҷми ҳадди ақали сармоя барои ширкатҳои давлатии суғурта 5 млн сомонӣ ва ғайридавлатӣ - 500 ҳазор омониро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо бояд дар шакли пул дар суратҳисобҳои ширкатҳо бошанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 18 ширкати суғуртавӣ: 16 ғайридавлатӣ, 2 давлатӣ ва Ҷамъияти суғуртаи мутақобила фаъолият мекунанд.

Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯйи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ) ва ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб меёбанд.

Қобили зикр аст, ки феълан ҳаҷми фонди оинномавии аксарияти ширкатҳои суғуртаи хусусӣ 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, яъне 30 баробар камтар аз талаботи аввали моҳи апрел садодода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.