Кит Симмонс, ки 28-уми сентябр ба унвони иҷрокунандаи вазифаи нахустин Мудири намояндагии USAID – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъин шуда буд, ба Тоҷикистон омад ва ба фаъолияташ оғоз кард.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки омадани ҷаноби Симмонс ба Тоҷикистон мусодиф  ба  оғози чанд лоиҳаҳои 100 миллиондоллари нави USAID дар бахшҳои кишоварзӣ, заминдорӣ, таъмини об, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон аст.

USAID ҳоло дар Тоҷикистон фаъолияти минтақавӣ ва дутарафаи рушдро дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, энергетика, идораи об, ғизо, тандурустӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мудирият амалӣ мекунад. Буҷаи умумии барномаҳои он, тақрибан 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар шарҳи коркардҳои Симмонс гуфтааст, ки ӯ дар соҳаи рушди байналмиллӣ бо USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси Сулҳи ИМА таҷрибаи беш аз 40-солаи кор дорад. Ӯ дар кишварҳои аврупоӣ, Авросиё, Африқо ва Осиё кор кардааст. Ахиран, ӯ қабл аз омадан ба Тоҷикистон, дар мақоми мудири намояндагии USAID дар Ҳиндустон кор мекард.

Амрико имсол намояндагии ҷудогонаи дуҷонибаи USAID-ро дар Тоҷикистон боз кард, ки ба назари Сафорати ин кишвар дар Душанбе “аз таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳида бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар саросари кишвар шаҳодат медиҳад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.