Корбаре дар Фейсбук аксеро аз як замини шаҳри Конибодом гузошт, ки дар он се зан дар замин кор мекарданду мардҳои либоси расмипӯши зиёде дар болои сари онҳо қарор доштанд. Ин коргар навишт, ки “3 коргар ва 500 раис”.

Нашри ин акс мавҷи интиқод ва норозигиҳоро дар фейсбук ба бор овард. Бархеҳо дар шарҳҳо ин амали тӯдаи мардонро маҳкум кардаанд. Аз ҷумла як корбаре навиштааст, ки “ман дар ин акс ғайр аз се модари тоҷик дигар касеро намебинам”.

Баҳодур Маҳмудов, мутахассиси пешбари шуъбаи идеологии ҳукумати Конибодом ин акс ва ҷанҷоли бархоста аз онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ба “Азия-Плюс” шарҳ дод.

Ин масъули ҳукумати Конибодом гуфт, ки ин акс аз як семинари омӯзишӣ аст, ки занҳои кишоварз ба ширкаткунандагони он тарзи киштро нишон медиҳанд.

“Дар фейсбук нафаре тасодуфӣ ё барқасдона аксро гузошта гуфтааст, ки “3 коргару якчанд корфармо”, ки бо ин кор воҳима барангехтааст. Аммо дар асл ин хел нест. Фақат ҳамон се нафар зан барои иштирокчиёни семинари таҷрибавии кишоварзони вилоят шинонидани картошкаро нишон доданд. Ин занҳо нишон доданд, ки ҳамчун таҷриба бояд ҳангоми кишти картошка ин хел кор бояд кард. Аммо дар шарҳ ба ҳамин акс нодуруст фикрронӣ карда истодаанд. Мо бо масъулини худомон суҳбат карда гуфтем, ки ба мардум шарҳ диҳед, ин сурат нодуруст баҳс мешавад”.

Маҳмудов мегӯяд, ки мо акнун ба мардум тариқи шабакаи фейсбук фаҳмонида истодаем, ки мабодо раҳгум назанеду инҷо бародаро як семинари омӯзишӣ буд, ин занҳо танҳо тарзи шинонидани картошкаро нишон доданд.

Ба гуфтаи ҳукумати Конибодом семинари вилоятии кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом баргузор шудааст, ки  дар он натанҳо кишти картошка, балки техникаҳои кишоварзӣ, тухмиҳоро ҳам ба намоиш гузоштаанд.

Дар ин семинар муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ ва муовини аввали вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода низ ширкат кардаанд.