Қудратбек Элчибеков, шарқшиноси маъруфи тоҷик рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикону ҳамкорони ин ховаршиноси маъруф ба расонаҳо хабар додаанд.

Ба навиштаи масъулони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ӯ солҳои зиёд, то дами марг дар ин боргоҳи илмиву таҳқиқотӣ кор мекард.

Қудратбек Элчибеков зодаи деҳаи Вери Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хатмкардаи риштаи форсии Донишгоҳи миллии То­ҷи­кистон буд. Баъди хатми донишгоҳ барои такмили ихтисос ба давраҳои омӯзишии олии Кумитаи амнияти назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯра­вӣ  фиристода мешавад. Дар шаҳрҳои Минску Маскав пас аз хатми ин давраҳо корро дар Душанбе идома медиҳад.  Соли 1968 аз ин фаъолият истеъфо мекунад ва ба Шӯъбаи шарқ­ши­носӣ ва осори хаттӣ, ки ҳоло номи Маркази мероси хатии АИ ҶТ-ро дорад, ба кори илмӣ мепардозад. 

Қудратбек Элчибеков дар мавзуъи «Силсиламаротиби рӯҳоният дар  мазҳаби исмоилия» дар Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав рисолаи илмии худро дифоъ мекунад.

Ин донишманди тоҷик аз соли 1977 то соли 1980 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тарҷумони низомӣ ва аз соли 1983 то соли 1986 дар Афғонистон фаъолият мекард. 

Қудратбек Элчибеков дар тарҷумаи матни русии феҳристи нусхаҳои хаттии Ган­ҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар чаҳор ҷилд, феҳристи дастнависҳои хаттии, «Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных на территорией ГБАО экспедицией 1959-1963 гг.» ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума ҳамроҳ бо дигар донишмандони тоҷик саҳми чашмгир дорад.

Ӯ асари «Шаш фасл»-и Носири Хусравро ба муносибати 1000-солагиаш дар соли 2003 ва бо ҳамко­рии Дӯстмуҳаммади Дӯст матни комили «Кимиёи саодат»-и имом Муҳаммади Ғаззолиро дар соли 2008  дар ду ҷилд бо муқаддима ва тавзеҳоти зарурӣ ба чоп расонида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.