Якшанбеи ҳафтаи сипаригардида раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва ҳудуди майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр беш аз 70 ниҳоли дарахтони шоҳбулут (каштан) шинонида шуданд, ки онҳо дар ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу  шаҳомати хосса  мебахшанд.

Гуфта мешавад, дар Боғи Камоли Хуҷандӣ анвои гуногуни пиёзакҳои гули лола шинонида шуданд, ки миқдори он дар ин боғи фароғатӣ то ба 300 ҳазор расонида мешавад. Маълумот дода шуд, ки дар мавсими имсола беш аз 3 миллион дона пиёзаки гули лола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинонида мешавад.

1/4

Зикр мегардад, ки сипас бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони Парчами миллии Тоҷикистон 50 бех ниҳолҳои барқади сарв (кипарис)-и аризонӣ шинонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.