То субҳи рӯзи 13 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 704 нафар расид.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 74 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 88 нафар боқӣ монд.

Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 81 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 12 ҳазору 133 нафар ё худ 95,5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ният доранд, ки ваксиназании оммавии шаҳрвандонашонро ба роҳ монанд. Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки то исботи самаранокии ваксина, Тоҷикистон онро хариданӣ нест.

То моҳи июни соли 2021 Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки 60%-и аҳолиро бо ваксиназанӣ фаро мегирад. Марҳилаи якуми эмкунӣ (ваксиназанӣ) аз коронавирус дар Қазоқистон эҳтимол моҳи феврал шурӯъ шавад. Ҳукумати Қирғизистон аз Русия, Туркия ва Қазоқистон 100 ададӣ ваксина дархост кардааст то ки озмоиши онро дар хоҳишмандон гузаронад. Президенти Туркманистон дастур дод, ки ваксинаҳои хушсифати зидди коронавирус харидорӣ шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.