28 ноябр Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ аз омода шудани як тарҳи қонун аз сӯйи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод, ки мехоҳанд барои талоқҳои ба истилоҳ телефонӣ аз 3 то 5 соли зиндон муҷозот пешниҳод кунанд.

Ин тасмим дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногунеро дар бар дошт. Коршиносон мегӯянд, ки истифодаи меъёрӣ динӣ дар қонунгузории дунявӣ чандон мувофиқате бо қонунгузории Тоҷикистон надорад, зеро қонунгузории Тоҷикистон никоҳи динӣ ё мусалмониро асоси ташкили оила ҳисоб намекунад, ки битавонад талоқро ҳамчун меъёри шаръӣ вориди қонун кунад.

Аммо сухангӯйи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки ин гуна тарҳе дар порлумон омода нашудааст ва ин гуна тарҳ дар порлумон нест.

“Ин гуна лоиҳаи қонун дар порлумон нест. Ҳатто дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳам баррасӣ нашудааст. Аз сӯйи ниҳодҳои дигар ҳам ба порлумон ин гуна лоиҳа ворид нашудааст”.

Аммо Радиои Озодӣ бо ишора ба як вакили порлумон, ки аз ӯ ном намебарад, навиштааст, ки “як мусоҳиби мо дар порлумони Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр гуфт, тарҳро баъди он омода карданд, ки мизони ҷудошавӣ, аз ҷумла талоқ тавассути паёмак, афзудааст. Ба иттилои Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси Намояндагон, соли гузашта дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст. Ин рақам ду сол пеш ба 10 ҳазор маврид баробар буд”.

Вале коршиносонро ин нукта ҳайрон кардааст, ки дар сурате қонунгузории Тоҷикистон  ақду никоҳи диниро эътироф намекунад, чӣ гуна талоқи шаръӣ асос барои муҷозот дар қонунгузории давлати дунявӣ ё секулор мешавад.

Дар моддаи 1-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад”.

Гуруҳе аз занҳо дар мардикорбозори шаҳри Бохтар
your.tj

Ҳамин тавр қонунгузории Тоҷикистон қатъи ақди никоҳ ва ё бекор кардани ақди никоҳро ҳам дақиқан мушаххас кардааст, ки дар ҳеч ҷойе гап аз талоқи динӣ ба унвони яке аз роҳҳои қатъи ақди никоҳ намеравад.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ мегӯяд, ки  тартиби ташкили оила ва бекор кардани ақди никоҳро дар шароити давлати дунявӣ Кодекси оилаи Тоҷикистон муфассалу дуруст ва мувофиқи талаботи замон танзим кардааст.

“Муқаррар кардани шартҳои иловагӣ набояд ба арзиши моҳияти давлати дунявидошта мухолифат кунад. Бинобар ин мувофиқи мақсад мебуд, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолти шаҳрвандӣ (САҲШ) ё додгоҳ аризаҳое, ки ҳамчун асос барои бекор кардани ақди никоҳ паёмаку талоқҳои телефонӣ, ҳолати мастӣ ва ё маводи нашъадорро, ки ҳолати рӯҳию равонии шаҳрвандонро халалдор мекунад, қарор додаанд, мавриди баррасӣ қарор нагиранд”.

Мавзуъи талоқҳои телефонӣ дар Тоҷикистон дар 10-15 соли ахир яке аз мавзуъҳои доғи иҷтимоӣ  мебошад. Як замоне ҳатто Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим дошт дар ин маврид фатвое содир кунад, аммо саранҷом бо гузашти солиёни зиёд ин ниҳод ҳам фатвое дар ин росто содир накард. Он замон намояндаҳои Шӯрои уламо ба он ишора мекарданд, ки агар никоҳ ҳузурӣ сурат гирифтааст, талоқ низ бояд ҳузурӣ сурат бигирад.

Коршиноси масоили исломӣ Саъди Юсуфӣ ҳам мегӯяд, ки дар дини ислом ва ривоятҳои исломӣ ҳарчанд талоқ накӯҳиш шудааст, аммо он ҳамчун ҷурм ё гуноҳ дониста нашудааст. “Талоқ аз нигоҳи дин як ҷурм ё иштибоҳ нест, ки барои он ҷазо таъин шуда бошад. Танҳо ба лиҳози ахлоқиву инсонӣ, ба лиҳози отифӣ накӯҳиш шудааст. Дар ривоятҳои динӣ ба ҳадди аксари худдорӣ кардан аз он таъкид шудааст”.

Саъди Юсуфӣ мегуяд, мо дар ривоятҳои динӣ фармудае дорем, ки “бадтарин ҳалол талоқ аст”.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки пеш аз ошно шудан бо ин тарҳе, ки гӯё вакилон мехоҳанд дар маҷлис баррасӣ кунанд, арзёбӣ кардани он ё чизе дар бораи он гуфтан мантиқӣ нест. Аммо онҳо ба меъёри қонун набудани талоқи шаръӣ ё динӣ ишора мекунанд.

Баҳодур Раззоқов профессори ҳуқуқи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки бар асоси меъёри динӣ ҷазои дунявӣ татбиқ карда намешавад. “Меъёри динӣ таъиноти худро дорад, ҷазо танҳо барои ҳуқуқвайронкунӣ дода мешавад. Яъне вайрон кардани меъёри ҳуқуқ (қонун)”,-мегӯяд профессор Раззоқов.

Сарфи назар аз ин таноқузҳои назариву амалии қонунгузорӣ ва инкори вуҷуди чунин як тарҳи қонун дар порлумон, зоҳиран ба назар мерасад, ки вакилон азми ҷиддӣ доранд, то ин пешниҳодҳои худро вориди қонунгузорӣ кунанд. Зеро дар ҳамон матлаби “Озодӣ” яке аз вакилон чунин гуфтааст, ки “қонун танҳо онҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки бе далелу бе шоҳид тавассути телефон ё СМС талоқ додаанд. Онҳое, ки имкони дигар бо ҳам буданро надоранд, метавонанд, тавассути додгоҳ ҷудо шаванд. Касе онро манъ накардааст”.

Дар Тоҷикистон омори азҳампошии хонаводаҳо дар солҳои ахир нигарониҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст. Мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои коҳиши ин омор тарҳҳои гуногуне роҳандозӣ кунанд, вале иқдомоти андешидашудаи солҳои ахир муассир набудаанд.

Ҳоло, ки дар порлумон аз суҳбати бозу ошкоро дар ин маврид худдорӣ мешавад, бояд мунтазир бимонему бубинем, ки ин ниҳод чӣ гуна ин ҳама ихтилофоти ҳуқуқиву қонунгузориро ҳал мекунаду меъёри шаръии диниро вориди қонун мекунад. Меъёре, ки дар худ дин ҳам ҷурм дониста намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.