Ҳукумати шаҳри Турсунзода лоиҳаи барқарор намудани низоми гармидиҳиро таҳия карда истодааст. Барои анҷоми ин кор дар ҳаҷми тақрибан 6,5 млн доллар сармоягузорӣ лозим аст. Корҳои барқарорсозӣ соли 2021 шурӯъ гардида, агар тибқи нақшаи шаҳрдорӣ ҷараён гирад, зимистони соли оянда сокинони шаҳр бо гармӣ дар хонаҳои худ таъмин мешаванд.

Дар шаҳри саноатии Турсунзода аллакай муддати 20 сол инҷониб низоми гармидиҳӣ ба қубурҳо ва таъмин бо оби гарм кор накарда, таҷҳизот ва қубурҳо пурра корношоям гардидаанд. Сокинони микрорайонҳо дигар ба имкони барқарор кардани он бовар накарда, батареяҳои гармидиҳиро канданд.

Соли 2019 кормандони хадамоти коммуналӣ аз заминковӣ хаста шуда, тасмим гирифтанд, ки онҳоро ба берун мебароранд.

Дар натиҷа симои шаҳр тағйир ёфта, имрӯз қубурҳо болои роҳҳо овезонанд ва барои техникаву одамон мушкилиҳо пеш меоранд. Ғайр аз ин, симои маҳаллаҳои қаблан хушсимову хуштарҳро нозеб месозанд.

Asia-Plus

Ба гуфтаи раиси шаҳр Парвиз Акрамзода, минбаъд ин вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда, “ба шаҳр симои хуштарҳи пешина ва ба сокинон гармӣ дар хонаҳояшон баргардонида мешавад”.

Аммо барои амалисозии ин мақсад нахуст дегхонаро мебояд ба тавозуни ҳокимияти иҷроияи шаҳр гузаронид. Айни замон корхона яке аз воҳидҳои сохтории ТАЛКО мебошад.

Тавре раиси шаҳр иттилоъ дод, ин масъала чанде пеш дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шуда, ширкати ТАЛКО ба гузаронидани дегхона ба тавозуни ҳокимияти маҳаллӣ розигӣ додааст.

Asia-Plus

“"Барои ба тавозуни худ қабул кардани дегхона, ба мо лозим аст, ки ҳуҷҷатҳо тартиб дода, санҷиш гузаронем, зеро тамоми таҷҳизоти он дар тӯли беш аз 20 соли бефаъолиятӣ корношоям шудааст", - қайд кард шаҳрдори Турсунзода. - Лоиҳаи сармоягузорӣ ба барқарорсозии шабакаҳои гармидиҳии шаҳр омода буда, танҳо тасдиқи он мондааст".

Аз ҷумлаи сармоягузорони эҳтимолӣ Акрамзода Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро номбар кард, ки бо ёрии он дар шаҳр лоиҳаҳои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ ва хизматрасонӣ оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ амалӣ карда шудаанд.

Asia-Plus

Кӯшишҳои барқарор кардани гармидиҳӣ дар шаҳр қабл аз ин низ сурат гирифта буд. Соли 2012 мақомоти маҳаллӣ ба нақша гирифта буданд, ки барои ҳар як бинои бисёрқабата дар нӯҳ микрорайон дегхонаҳои мустақили хурд насб кунанд, илова бар ин, имконоти таъмири асосии дегхона низ баррасӣ шуд. Аммо бо сабабҳои объективӣ - набудани маблағ, кор қатъ карда шуд.

Парвиз Акрамзода ҳарчанд чанде пеш ба вазифаи раиси шаҳр таъин шуда бошад ҳам, бо ин мушкилот аз наздик ошно аст ва ба оянда бо эътимод менигарад.

Asia-Plus

“Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, барқарорсозии тамоми низоми гармидиҳии шаҳр ҳадди аққал 6,5 млн доллари амрикоиро талаб мекунад ва бидуни сармоягузории хориҷӣ, татбиқи ин лоиҳа душвор хоҳад буд, - чунин мешуморад ӯ. - Агар ба мо муяссар шавад, ки кори дегхонаро барқарор кунем, он гоҳ дар истифодаи он ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро сӯзишвории худамон - ангишти кони Қаратоғро истифода хоҳем кард. Варианти сӯзишвории тоза - газро низ дида мебароем. Албатта, пеш аз оғози кор, вазъи муҳити зистро ҳам ба инобат мегирем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.