Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории имрӯз, дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб кардааст, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад.

Ба навиштаи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хостааст, ки  "ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд".

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.