Давоми се рӯзи охир  дар  шаҳри Хуҷанд сироятёбии сокинон ба бемории ҳамагири  коронавирус ва илтиҳоби шуш ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар 5  рӯзи охир 2 ҳолати сироятёбии шаҳрвнадон ба илтиҳоби шуш ошкор гардида, онҳо дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудаанд. Дар ин бора сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпимедемиологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

“Ин маълумотҳои рӯзи гузашта (14.12.2020) ҳастанд, маълумоти имрӯза баъдтар маълум мешаванд. Ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар шаҳри Хуҷанд каме беҳтар шудааст, аммо набояд сокинон хотирҷамъ шуда, нисбати саломатии худ ва атрофиён бепарво бошанд. Ҳатман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосиларо риоя кунанд ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд”,- мегӯяд Усмонова.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода дар сӯҳбат ба “Азия-плюс” гуфт, ҳоло вазъият дар вилоят идорашаванда аст. Қариб ҳамаи беморхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ба ғайр аз беморхонаҳои сироятӣ, ба фаъолияти муқаррарии худ баргашта истодаанд.   

Як манбаъ ҳам аз  Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи  шаҳри Хуҷанд  гуфт, ҳоло вазъият беҳтар шуда, авҷи беморӣ паси сар шудааст. Пештар шумораи маризон дар беморхона аз 100-120 нафар кам намешуд, ҳоло бештар аз 20 нафар дар ин ҷо табобат мешаванд. 

Бино ба иттилои сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода, набояд аз  коҳиши беморӣ изҳори қаноатмандӣ кард, ҳоло ин беморӣ дар ҷаҳон пурра омӯхта нашудааст ва  дубора  хурӯҷ кардани он аз эҳтимол дур нест.

“Натиҷаҳои ташхис нишон медиҳанд, ки сироятёбии сокинон ба бемории ҳамагир кам шудааст. Масалан, агар  100 нафар   ташхис супорад, аз ин дар 3-4 нафар  ҳолати сироятёбӣ ошкор мешавад. Аммо онҳо ягон хел аз саломатии худ шикоят надоранд, яъне бенишона мегузаронанд ин бемориро ва онҳо сабабгори интиқоли  беморӣ ба дигар нафарон шуда метавонанд. Барои ҳамин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки ҳатман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳо истифода кунанд”,-таъкид кард Абдуллозода.

Аз рӯи маълумоти масъулин, дар ташхисгоҳи вирусологии вилоят, ки аз 28-уми майи соли 2020 фаъолияташро  оғоз намуда буд,  то 28 ноябри соли равон  беш аз 45 ҳазору 900 нафар аз ташхис гузаштаанд. Тибқи натиҷаҳои ташхис дар 7 ҳазору 289 нафар бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Тибқи маълумот, дар Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ҳам шумораи беморони  гирифторони COVID-19  кам гардида, рӯзҳои наздик бархе аз шӯъбаҳои он ба фаъолияти пешинаашон оғоз хоҳад кард. Аммо дар бораи шумораи беморон маълумот дода намешавад. Тавре ки Фаррух Мақсудзода гуфт, айни замон ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз кардани Беморхонаи вилоятӣ  аз ҷониби мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар робита ба ин масъала сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд  Абдумавлон Абдуллозода мегӯяд, ба мо дар бораи ба фаъолият оғоз намудани қисме аз Беморхонаи вилояти  Суғд мактуб омада буд ва ҳоло мо ин мавзуъро баррасӣ карда истодаем.

“Ба мо мактуб дода буданд барои баргаштани блоки B-и Беморхонаи клиникавии вилоятӣ  ба фаъолияти муқаррарӣ. Мо аз ҳамаи кормандон ташхис гирифтем, натиҷаи онро месанҷем ва бо иҷозати мақомотҳои дахлдор пас аз гузаронидани тадқиқот агар ҳамааш ба меъёрҳо ҷавобгӯ бошад,  барои фаъолият  иҷозат медиҳем. Ҳоло безараргардонии асбобу анҷом, лавозимот, утоқҳо  аз тарафи кормандон  идома дорад”-гуфт Абдуллозода. 

Тибқи маълумоти расмӣ, то 14.12.2020 дар Тоҷикистон 12 ҳазору 741 нафар аз коронавирус сироят шудааст, ки аз ин шумора 12 ҳазору 172 нафар сиҳат шуда 88 нафар фавтидаанд. Ҳамчунин дар як шабонарӯзи 14.12.2020 37 нафар аз ин вирус сироят ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.