Дар бораи манъи наворҳои рекламавӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион дар мавзӯи Соли нав бо рамзҳои солинавӣ чандин нафар соҳибкорон ба идораи “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи осоҳибкорон, ба онҳо тавсия додаанд, ки наворҳо бо арча ва бозичаҳои солинавиро қайчӣ кунанд, вагарна реклама намоиш дода намешавад.

Гап сари чист?

Мо талош варзидем, ки бобати ин масъала шарҳи намояндагони шабакаҳои телевизиони давлатиро бигирем. Дар шуъбаи тиҷоратии ТВ “Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки “барои намоиши наворҳои рекламавии солинавӣ ҳеҷ маҳдудияте нест”. Аз рекламадиҳандагон ҳам ба онҳо ҳеҷ фармоише нашудааст.

Дар шуъбаи тиҷоратии шабакаи телевизиони “Сафина” низ хабар доданд, ки “аз ҷониби Кумитаи телевизиону радио дар ин хусус ҳеҷ дастуре дода нашудааст".

Дар шуъбаи тиҷоратии Кумитаи телевизиону радио низ ҷорӣ шудани маҳдудиятҳоро ба рекламаи солинавӣ рад карданд.

“Ҳеҷ гуна манъкунӣ нест, инро рекламадиҳандагоне мегӯянд, ки ҳаққи хизматрасонии шабакаҳоро пардохт карда наметавонанд. Ҳамаи рекламаи шабакаҳои давлатии телевизион тариқи мо мегузарад ва рекламаҳое, ки шумо мегӯед, нестанд. Агар дар шабакаҳо қабули рекламаро рад карда бошанд, бигзор ба мо муроҷиат кунанд, мо сабабашро муайян мекунем. Такроран мегӯям, ба ҷуз манъкуниҳо тибқи қонун, дигар ягон хел маҳдудият ҷой надорад”, - хабар дод як мард, ки худро сармтахассиси шуъба номид, вале ному насабашро нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони баъзе агентиҳои рекламавӣ маълумоти манъи рекламаи солинавиро ба мо тасдиқ карданд.

“Дар шабакаи аввал (ТВ “Тоҷикистон”) намоиши рекламаи солинавии мизоҷи моро рад карданд. Мо дархост намудем, ки тариқи хаттӣ ба мо асосҳои рад шуданро шарҳ диҳанд. Посухи хаттӣ надода, лекин шифоҳӣ фаҳмониданд, ки “аз боло занг шудааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” директори иҷроияи агентии шабакавии WAVEMAKER Шералӣ Ҷӯрабоев.

“Занг аз боло”

Як намояндаи ширкати хусусии телевизионӣ дар вилояти Суғд низ бидуни ифшои ному насаб дар бораи зангҳои ғайрирасмӣ ҷиҳати дастур оид ба намоиш надодани реклама бо рамзҳои солинавӣ хабар дод.

“Аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизион ҳеҷ гуна ҳуҷҷат ё огоҳиномаи расмӣ нарасидааст. Лекин тариқи телефон тавсия дода шуд, ки аз намоиши ҳамаи чизи ба ҷашни Соли нав ишорадошта худдорӣ карда шавад”, - қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, мувофиқи дастури шифоҳӣ, аз ҷумла ба оро додани логотипи шабака бо тасвиру рамзҳои солинавӣ, гузоштани арча дар лавҳаи қафои ровӣ, додани матн дар мавзӯи Соли нав ва ғайра иҷоза дода намешавад.

“Худи шабакаҳо ва буҷети давлатӣ зарар мебинанд”

Ба гуфтаи Шералӣ Ҷӯрабоев, дар қонунгузорӣ ҳеҷ гуна манъкуниҳо дар ин маврид зикр нашудааст.

«Мо ба қонун арҷ мегузорем. Қонун барореду онро нашр кунед: қонуни нав, ин ғайриимкон аст, мо маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунем ва ғайра. Пас мо онро пазируфта, риоя хоҳем кард. Лекин ҳоло вазъ хеле аҷиб аст, онҳо мехоҳанд баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, аммо ягон асоси қонунӣ вуҷуд надорад », - мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Ҷӯрабоев, аз ин вазъ худи шабакаҳо ва буҷети давлатӣ зарар мебинанд.

“Ҳозир бе ин ҳам вазъ дар телевизион начандон қаноатбахш аст, зеро реклама кам шуда, консерт ҳам несту пул низ. Акнун аз ҳамин ҳам мемонанд. Аз хориҷа ҳам давлат пул намегирад, чунки маблағро барои реклама ширкатҳои байнулмилалӣ ҷудо мекунанд. Аз андоз ҳам даромад намегиранд, зеро аз ҳар як қарордоди марбут ба реклама андоз ситонида мешавад”, - илова кард номбурда.

Дар хона ҷашн гиред!

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад. Ба баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон низ иҷоза дода намешавад.

Мувофиқи қарори Ситод, ба сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷоза дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.