Имсол ба Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 689 донишҷӯ аз Ӯзбекистон пазируфта шудааст. Масъулони ин донишкада ба “Азия-плюс” гуфтанд, ки бори аввал аст чунин теъдоди бузурги донишҷӯёни хориҷӣ ба ин Донишгоҳ довталаб шудаву пазируфта шудаанд. 

Ӯзбекистон сар аз моҳи декабр ба довталабоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон донишҷӯй шудаанд, иҷозаи убури марзро додааст. Қими зиёди ин донишҷӯён соли ҷорӣ баъди гузаштан аз имтиҳони тестии онлайнӣ ба мактабҳои олии вилояти Суғд роҳ ёфта буданд. Бинобар ҳамагирии коронавирус ин донишҷӯён натавониста буданд аз моҳи сентябр ба дарсҳо дар мактабҳои олии вилоят ҳозир шаванд.

Ҳоло бинобар омадани донишҷӯёни Ӯзбекистон аз 1-уми декабр таҳсили онҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) оғоз шудааст. Имсол бори нахуст гурӯҳи бузурги 689-нафараи шаҳрвандони Ӯзбекистон баъди супуридани имтиҳоноти тестии онлайнӣ довталаби шуъбаи рӯзона ва фосилавии ин донишгоҳ шуданд, ки 270 нафари онҳо ба шуъбаи рӯзона роҳ ёфтаанд. Масъулини донишгоҳ мегӯянд, пас аз он ки ин донишҷӯён ҳуҷҷату маблағи таҳсилро пардохт мекунанд, фармони донишҷӯияшон содир мешавад. 

Донишҷӯёни Ӯзбекистон дар ДДҲБСТ
Asia-Plus

Элдорбек Салимов, зодаи шаҳри Бухорои Ӯзбекистон бо супуридани имтиҳони онлайнии тестӣ ва ба даст овардани 245 хол моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳуқуқи таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиноси байналмиллалии ин донишгоҳро пайдо кардааст. Ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, баъди он ки Ӯзбекистон иҷозаи убури марз ба донишҷӯёнро дод, оғози декабр барои идомаи таҳсил ба Суғд омад.

“Соли чорӣ ба факултети ҳуқуқшиносии Тошканд ҳуҷҷат супуридам, лекин бахтам нахандид. Баъд фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон имтиҳоноти қабул ҷараён дорад, онлайнӣ ба сомонаи ин донишгоҳ ворид шуда, ҳуҷҷатҳоямро супуридам ва ҳоло донишҷӯй ҳастам. Аз ин донишгоҳ ҳуҷҷат фиристоданд ва аз 1-уми декабр барои мо донишҷӯёни Ӯзбекистон иҷозаи гузаштани марзро доданд. Мо пеш аз гузаштан аз марз тести коронавирус супуридем ва баъд иҷозат доданд”.

Шероз Тоҷибоев, котиби масъули комиссияи қабули ДДҲБСТ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло омадани донишҷӯёни Ӯзбекистон идома дорад ва онҳо аз 1-уми декабр дарсҳоро дар ин гурӯҳҳо оғоз кардаанд. Ҳоло дарсҳои  донишҷӯёни хориҷие, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд оғоз шудааст ва аз 4-уми январ дарсҳои донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ оғоз мешавад.

“Донишҷӯёни Ӯзбекистон бо дарназардошти имконияти донишгоҳ бо хобгоҳ таъмин мешаванд. Аз сабабе, ки онҳо бори нахуст ба Тоҷикистон меоянд, мо онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва як шахси масъул интихоб кардем, ки будубошу таҳсили донишҷӯёни ӯзбекро назорат ва ба онҳо кӯмак мерасонад”.

Донишҷӯёни ӯзбек бештар алоқа доштаанд, ки дар риштаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, ҳуқуқшиносӣ, ҳисобгирии  муҳосиботӣ, молияву қарз ва факултаи забони англисӣ таҳсил кунанд. Масъулини донишгоҳ мегӯянд, бо хоҳиши донишҷӯён дарс барои ин гуруҳҳо бо забонҳои тоҷикиву русӣ сурат мегирад.

Шероз Тоҷибоев мегӯяд, ки ҳаққи таҳсил барои донишҷӯёни Ӯзбекистон ҳам чандон боло нест. “Мисол дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси молия ва қарз агар шаҳрвандони Тоҷикистон  4935 сомонӣ маблағи таҳсил супоранд, шаҳрвандони хориҷӣ 5460 сомонӣ месупоранд. Дар дигар риштаҳо низ ҳамин хел, тақрибан 500-600 сомонӣ зиёдтар  маблағ месупоранд”.

Ин масъули донишгоҳ мегӯяд, ки дар ДДҲБСТ 780 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 700 нафари онҳо аз Ӯзбекистон мебошанд.

Дар шимоли Тоҷикистон панҷ мактаби олӣ мавҷуд аст, ки бино ба маълумот, дар онҳо беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунан ва қисми бузурги онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Беш аз 3 ҳазор нафари ин донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мехонанд. Дар мактабҳои олии вилояти Суғд асосан шаҳрвандони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.