Табрез Халилов, писари овозхони маъруфи гурӯҳи «Avesto» Таҳмина Рамазонова ба Ҷоизаи дараҷаи I дар Озмуни байнулмилалии пианинонавозон, ки дар доираи Лоиҳаи V байнулмилалии «BISHKEK MUSIC GAMES» дар Қирғизистон доир гардид, соҳиб шуд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази ташаббусҳои эҷодии «Art aspect» ба муносибати 100-солагии оҳангсози қирғизи замони шӯравӣ Мукаш Абдроев рӯзи 6 декабр дар Бишкек баргузор шуд.

Ба ҷуз озмуни пианинонавозон, дар доираи Лоиҳаи V байнулмилалии «BISHKEK MUSIC GAMES» инчунин озмуни навозандагони асбобҳои торӣ, нафасӣ ва асбобҳои халқӣ, озмуни оҳангсозони ҷавон низ доир гардид.  

Ҳамаи озмунҳо дар шакли ғоибона тариқи сабти видеоӣ гузаронида шуданд. Аз рӯйи интихоби иштирокчиёни озмун 3 категория пешниҳод шуд: BRONZE LINE, SILVER LINE ва GOLD LINE. Гурӯҳҳои синнусолии иштирокчиён чунин тақсим шуданд: I – то 10-сола, II – 11-12-сола, III – 13-14-сола, IV – 15-18-сола, V – 19-30-сола (донишҷӯён), VI – «Омӯзгор – хонанда (шогирд)», инчунин VII – «Aрт-устод» (омӯзгорон ва мусиқачиёни касбӣ).

Табрез Халилов дар категорияи BRONZE LINE иштирок карда, «Восточная Рапсодия»-и ҷазмени маъруф, оҳангсоз ва пианинонавоз Ҷасур Халиловро ба иҷро расонид ва ба дипломи Ҷоизадори дараҷаи  I шарафёб гардид.

Акс аз саҳифаи Таҳмина Рамазонова дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар бораи пирӯзии писари худ Таҳмина Рамазонова дар саҳифаи худ дар Фейсбук чунин изҳори хушнудӣ намуд:

“Писарам Табрез Халилов ба ҷоизаи Озмуни байнулмилалии пианинонавозон дар Бишкек соҳиб шуд! Дар баробари дигар иштирокчиён аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Беларус ва Чин Табрез ба дарёфти мукофоти аввал ноил гардид. Мо бо ту ифтихор мекунем Табрез!”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.