Барои ба даст овардани Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳурявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 5 нафар аз ғолибони ин озмун сабқат мекунанд. Даври ниҳоии озмун барои ба даст овардани Шоҳҷоиза ҳамин ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин бора як манбаъ аз масъулони баргузории озмун ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Ба гуфтаи манбаъ, аз 12 нафаре, ки дар бахшҳои дигари озмун пирӯз шудаанд, танҳо  5 нафар розӣ шудаанд, ки барои соҳиби Шоҳҷоиза шудан рақобат бикунанд. Ҳафт нафари дигар аз ширкат дар ин давр худдорӣ кардаанд.

Ба гуфти манбаъ, инҳо Рухшона Норова, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент, Сарфарозиддин Иморуддинов, омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова, омӯзгор аз ноҳияи Масчоҳ, Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент ва Нӯшофарин Хидирова омӯзгор аз шаҳри Истиқлол ҳастанд, ки барои ба даст овардани Шоҳҷоиза ҳоло сабқат мекунанд. 

Баргузории даври ҷумҳурявии озмун ба дӯши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аммо то кунун ин ниҳод ғолибони бахшҳои озмунро расонаӣ накардааст. Ба гуфтаи як манбаъ, дар назар аст, ки 18-уми декабр соати 17.00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ғолибони ин озмун эълон хоҳанд шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории рӯзи 15-уми декабр дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб карда буд, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад.

Доварони сабқат барои Шоҳҷоиза Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академи миллии илмҳо, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, Рустам Ваҳҳобзода, сардабири маҷаллаи миллии "Садои Шарқ", Рухшона Восиева, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Ҳафиз Раҳмон ва Эраҷ Исмоилзода ҳар ду устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд.

Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 15 декабр  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир шуд.  

Шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун 269 нафарро аз рӯи 5 бахш ташкил дод, ки аз ин:

-дар бахши хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик - 67 нафар;

-дар бахши хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик - 62 нафар;

-дар бахши хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик - 54 нафар;

-дар бахши хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон - 61 нафар;

-дар бахши шоирӣ - 23 нафар.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе буданд.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар  аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.