Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хонаводаи Замира Муҳамадсафар, хонандаи синфи 8-и мактаби13-и ноҳияи Ёвон, ки дар озмуни вилоятии "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" аз номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи сеюм шуда буд қабл аз даври ҷумҳурявӣ аз илтиҳоби шуш фавтида буд, 1000 сомонӣ тақдим кардааст.

Aaia-Plus 17 ноябр хабар дода буд, ки Замира Муҳаммадсафар, ки ба даври ҷумҳурявии ин озмун роҳхат гирифта буд, рӯзи 16 ноябр аз илтиҳоби шуш даргузаштааст. 

Эҳсон Сафарзода, мудири Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм ба "Азия-Плюс" рӯзи 18.12.2020 гуфт, ки ин ниҳод дар баробари хонаводаи Замираи Муҳаммадсафар ҳамчунин ба 100 ширкаткунандагони даври ҷумҳурявии озмун 1000 сомонӣ мукофоти пулӣ додааст. 

Наздикон Замираи Муҳаммадсафар он замон гуфта буданд, ки мутаассифона ба Замира Маҳмадсафар иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ насиб накард. Ӯ тайи чанд рӯзи охир аз бемории илтиҳоби шуш азият кашида ва рӯзи 16 ноябр аз олам чашм пӯшид.

Бояд гуфт, ки Замира Маҳмадсафар ҳамчунин маъюб буд ва дар ҷамъбасти озмуни вилоятӣ аз сӯйи раиси вилоят барояш аробачаи маъюбӣ туҳфа шуда буд.

Масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон он замон гуфта буданд, ки Замира дар озмуни ноҳиявӣ ҷои аввалро соҳиб шуда буд.

Баъди озмуни вилоятӣ, барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омодагӣ медид. Мутаассифона, насиби иштирокаш набудааст ва дирӯз, яъне 16 ноябр Замираро ба хок супурдем,-гуфтанд аз шуъбаи маорифи ноҳия.

Имрӯз соати 17.00 даври ҷумҳурявии ин озмун дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ натиҷагирӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.