Аввалин роҳбари сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” Николай Савченков, ки муддати 14 сол (1978-1992) ба бунёди ин иншооти бузург  сарварӣ кард, бар асари сирояти коронавирус дар синни 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.

Писараш Степан Савченков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, Николай Савченкоро 4-уми декабри имсол бо нишонаҳои "поинравии гемоглабини хун" дар як шифохонаи Маскав бистарӣ карданд ва ӯ 17-уми декабр фавтидааст.

Николай Савченков соли 1992 Тоҷикистонро тарк карда, муқими Маскав шуда, то соли 2015 бо мактубу машваратҳои худ ба ҷараёни сохтмони неругоҳи “Роғун” кумак мекард.

Ҷомӣ Алиев, собиқ раиси шаҳри Роғун ва яке аз шогирдони ӯ изҳор дошт, ки соли 1992, вақти Тоҷикистонро тарк кардани Николай Савченков замона ноором буд ва чандин маротиба ба ӯ таҳдид ҳам карда буданд.

“Ӯ бо ашк дар чашмон ва бо таассуфи зиёд, ки сохтмони неругоҳро ба охир расонида натавонист, аз Тоҷикистон кӯч баст”, - гуфт ӯ.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадори маъруфи тоҷик, собиқ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов марги Савченковро талафоти бузург барои Тоҷикистон унвон кард.

Дар бораи ҳаёту рӯзгор ва муҳаббаташ ба Тоҷикистон Николай Савченок дар се китобаш изҳори назар намуда, муҳим будани сохтмони неругоҳи “Роғун”-ро натанҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми минтақа борҳо таъкид кардааст.

“Николай Савченков ҳамеша бовар дошт, ки лоиҳаи сохмтони неругоҳи “Роғун” амалӣ мешавад ва сарфи назар аз пиронсолӣ, мудом ҳамаи кори аз дасташ меомадаро барои неругоҳ ба сомон мерасонид. Лоиқ аст, ки ба Николай Савченков дар Роғун, ки мехост орзуи тамоми ҳаёташ дар он ҷомаи амал пӯшад, муҷассама гузошта шавад”, - илова кард Шодӣ Шабдолов.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.