Овозхони ҷавон Сафармуҳаммади Рустам намоҳанг (клип)-и нави худро таҳти унвони “13” дар Душанбе муаррифӣ намуд.

Сарфи назар аз одатҳо, ки рақами 13-ро шуму фалокатбор медонанд, ӯ онро барои худ хушбахт мешуморад, зеро санаи 13-ум ба дунё омадаву албоми нави худро “13” номгузорӣ кард ва дар ин албом 13 асари мусиқӣ ҷой дода шуда, суруди асосиаш ҳам “13” аст.


Клип 4 дақиқа давом карда, дар Ҳисору Муъминобод, ҷойе, ки ҳанӯз замони шӯравӣ лаҳзаҳои филми “Рустам ва Суҳроб” наворбардорӣ шудааст, таҳия шудааст. Дар намоҳанг сарулибос низ аз ин филм истифода шудааст.


Дар наворбардории намоҳанг ҳунармандону блогернависон ва дигар афроди маъруфи касби худ, аз ҷумла ҳунарпешаи театру кино Моҳпайкар Ёрова, фаъоли ҷомеа Муҳаммад Ризоев, сароянда Меҳринигор Рустам, блогерон Рафаел Гулов ва Шоира Пӯлодова, модел Зарнигор иштирок кардаанд. Муаллифи суруд ровии маъруфи тоҷик Орзу Исоев мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.