То субҳи рӯзи 28 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 205 нафар расид.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 67 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, шумори фавтидагон аз ин беморӣ давоми ҳафтаи гузашта 1 нафар афзуда, акнун аз оғози пандемия 90 нафарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 74 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 12 ҳазору 692 нафар ё худ 96,1%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ният доранд, ки ваксиназании оммавии шаҳрвандонашонро ба роҳ монанд. Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки то исботи самаранокии ваксина, Тоҷикистон онро хариданӣ нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.