Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати зиёд кардани парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Дубай ва Истанбул иҷоза дод.

Акнун дар хатсайрҳоДушанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта чор маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд. Қаблан бо ин самтҳо ба ширкатҳо иҷрои танҳо як парвоз иҷоза буд.

“Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвозҳои иловагӣ ба Дубай ва Истанбул иҷоза дод. Акнун ширкатҳои ҳавопаймоии «fly Dubai» ва «Сомон Эйр» дуборӣ ба як самт ва бозпас аз он ҷо парвоз мекунанд”, - хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар самти Душанбе-Исттанбул ширкатҳои «Turkish Airlines» ва «Сомон Эйр» низ ду парвозӣ иҷро мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 ноябр ширкати ҳавопаймоии fly Dubai  анҷоми парвозҳо дар ду хатсайр - рӯзи шанбе аз Душанбе ба Дубай ва рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Душанберо бекор кард. То ин дам парвозҳо ба ин самт дар як ҳафта як маротиба - рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе - бозпас иҷро мешуданд.

Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус бо мақсади “пешгирии паҳншавӣ ва хуруҷи мавҷи дуюми сироят, ки айни замон дар саросари дунё ба мушоҳида мерасад”, чунин тасмим гирифт.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ бо Чину Русия ва Ӯзбекистон то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.